Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Муҳофизати ҷангал

Муҳофизати ҷангал

Муҳофизати беша, маҷмӯи тартибҳоест, ки истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷудаи ҷангал, барқарор намудани беша ва муҳофизати онро аз сӯхтор, зараррасану касалиҳо, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии бешазорро таъмин мекунад.

Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр ҷангал, мисли дигар сарватҳои табиии мамлакатамон миллӣ кунонида, моликияти умумихалқӣ гардонда шуд. Декрети Комитети марказии иҷроияи умумироссиягӣ “Дар бораи ҷангал” аз 17 (14) маи 1918 принсипҳои асосии ташкили сотсиалистии хоҷагии ҷангалдориро бо мақсади ифтифода бурдани ҷангал ба манфиати тамоми халқ муайян кард. Ҷангал, ки дорои аҳамияти бузурги хоҷагии халқ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст, ҷузъи муҳити тартибии сарватҳои табии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ мебошад. Дар қарори Совети Олии Иттиҳоди Шӯъравӣ “Дар бораи чораҳои минбаъд ҳам беҳтар кардани муҳофизати ҷангал ва оқилона истифода бурдани сарватҳои ҷангал” (1977) гуфта шудааст, ки моликияти давлатӣ будани ҷангал аз рӯи план пеш бурдани хоҷагии халқ дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ шарти асосии иҷрои бомувафақияти вазифаҳои ба таври комплексӣ ва оқилона истифода бурдани сарватҳои ҷангал, муҳофизат ва таҷдиди ҷангал барои қонеъ гардонидани талаботи ҳарҷонибаи хоҷагии халқ ва аҳолӣ, беҳтар намудани муҳит, муҳофизати саломатӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии насли ҳозира ва ояндаи одамони советианд.

Аҳамияти бисёртарафаи ҷангал ва дуру дароз будани муддати парвариши он ба кори оқилона истифода бурдан, нигаҳдорӣ кардан ва афзун гардондани сарватҳои ҷангал характери вазифаи умумидавлатӣ мебахшид. Қонунгузории советӣ оид ба ҷангал ва истифодаи комплексии аз ҷиҳати илмӣ асосноки ҷангалзор, мувофиқи план аз нав ба вуҷуд овардан ва муҳофизати босамараи он ба манфиати наслҳои ҳозира ва оянда, ба ба тарбия кардани одамони советӣ дар рӯҳи масъулияти баланд барои муносибати дилсӯзона ва ғамхорона ба ҷангал, ҳамчун ҷузъи муҳити тартибии Ватани сотсиалистӣ мусоидат мекунад.

Дар “Асосҳои қонунгузории ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва республикаҳои иттифоқӣ оид ба ҷангал” (1977) гуфта шудааст, ки ба амал баровардани тадбирҳои оид ба нигоҳубин ва муҳофизати ҷангалзор ба зиммаи муассисаҳои хоҷагии ҷангали огранҳои давлатии хоҷагии ҷангал, корхонаҳо, колхозҳо, инчунин ба органҳои дахлдори хоҷагии қишлоқ гузошта мешаванд.

Партияи коммунистӣ ва Давлати Советӣ дар бораи муҳофизат намудан ва афзун гардондани сарватҳои ҷангал, дар бораи таъмини истифодаи эҳтиёткоронаи онҳо ҳамеша гамхорӣ мекунанад. Ин ғамхорӣ дар қарорҳои Съезди 26-уми КПСС дар Плани давлатии тараққиёти хоҷагии халқи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ барои солҳои 1981-1985 ба таври конкретӣ таҷассум ёфтааст, ки дар онҳо роҳҳои асосии манбаъд ҳам тараққӣ додани хоҷагии ҷангал, муҳофизати табиат ва таъмини истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ муайян шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …