Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ РАКЕТИИ СТАРТӢ

МУҲАРРИКИ РАКЕТИИ СТАРТӢ

muhariki-raketii-startiМУҲАРРИКИ РАКЕТИИ СТАРТӢ, муҳаррики ракетии ёрирасонро гӯ-янд, ки дар аппарати париш бо мақсади тезонидани стари он гузошта мешавад. Муҳаррики ракетаи стартӣ назар ба муҳаррики асоси нисбатан кам амал карда, ба массаи ибтидоии аппарат париш қувваи болобардории зиёде медиҳад (барои Муҳаррики ракетаи стартӣ, ки дар ракетаҳо гузошта мешаванд). Ба сифати Муҳаррики ракетаи стартӣ  одатан муҳаррики ракетии сӯзишвориаш сахт (кашишашон ба даҳҳо кН ва давомати корашон ба чанд сония баробар аст) ва муҳаррики ракетии моеиро истифода мебаранд. Муҳаррики ракетаи стартӣ  дар самолётҳо, ракетаҳои тадқиқотии баландпарвоз, ракетаҳои болдор ва ғайра гузошта мешавад. Муҳаррики ракетии стартиро ҳангоми пайвасти пакетии зинаҳо муҳаррики зинаи якуми ракотаи баранда меноманд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …