Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ ЭЛЕКТРӢ

МУҲАРРИКИ ЭЛЕКТРӢ

muhariki-elektriМУҲАРРИКИ ЭЛЕКТРӢ, мошинест, ки энергияи электриро ба энер-гияи механикӣ табдил медиҳад. Муҳаррики электрӣ дар саноат, нақлиёт, рӯзгор ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ намуди асосии муҳаррик ба шумор меравад. Аз (рӯи навъи ҷараёни электрӣ муҳаррикҳои электрии ҷараёни доимӣ (афзалияти асосии ин муҳаррикҳо дар он аст, ки басомади чархзании онҳоро сарфакорона ва ҳамворан танзим кардан мумкин) ва муҳаррикҳои электрии ҷараёни тағйирёбанда (муҳаррикҳои синхронӣ, асинхронӣ ва коллекторӣ)-ро аз ҳам фарқ мекунанд. Басомади чархзании Муҳаррики ээлектрии синхронӣ ба басомади ҷараёни истифодашаванда тавъан вобаста аст; басомади чархзании Муҳаррики электрии асинхронӣ бошад, бо афзоиши сарбор (нагрузка) кам мешавад. Муҳаррики электрии асинхронӣ бештар маъмул аст, зеро истеҳсоли вай осон буда, дар истифода боэътимод мебошад. Аммо басомади чархзании онро ҳамворан  наметавон танзим кард. Аз ин рӯ, дар мавридҳое, ки басомади чархзаниро танзим кардан зарур аст,

Муҳаррики электрии ҷараёни доимиро истифода мебаранд (Муҳаррики электри коллекторӣ дар чунин мавридҳо ягон-ягон истифода мешавад, зеро истеҳсоли он қимат афтида, бар замми ин чандон боэътимод ҳам нест). Иқтидори Муҳаррики электрӣ аз ҳиссаҳои Вт то даҳҳо МВт мешавад. Саноати ватанӣ Муҳаррики электриро дар шакли кушод (танҳо қисмҳои чархзанандаю ҷараёнбари онҳо аз расиши тасодуфӣ ҳифз карда мешавад), пӯшидарӯ (пӯши он чангу ғубор ва қатраҳои оби пошхӯрдаро бозмедорад), ирбитӣ (герметӣ) ва ғайра истеҳсол мекунад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …