Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ

МУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ

nophotoМУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ  (соли таваллуд ва Вафоташ номаълум), ҳофиз, бастакор, машшоқи асри  16. Зодгоҳаш Тун (Хуросон), дар Широт фавтидааст. Дар Исфаҳон таҳсил карда, илмҳои бадеъ, қофия, ахлоқ, фалсафа, риёзиётро омӯхтаст. Ӯ овози баланд ва форам дошта, сурудҳои ахлоқӣ, ирфонӣ, фалсафиро ба дараҷаи устодӣ месурудааст. Дар марсияхонӣ устоди ягонаи замон будааст. Муҳаммадқосими Соҳири Тунӣ чун донандаи номии назарияи мусиқӣ низ шӯҳрат дошта, бо бисёр донишмандони ин сода дар баҳсу мунозираҳо ғолиб меомадааст. Баробари ин, дар таснифи асарҳои мусиқии нақш, амал, савт, пешрав, қавл соҳибҳунар буда, «Қавли Тунӣ», «Савти содирӣ», «Амали Тунӣ» ва дигар асарҳои ӯ дар назди аҳли мусиқӣ эътибори баланд доштааст.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …