Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР

МУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР

nophotoМУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва           вафоташ номаълум), наққош, хаттоти охири асри 15 — аввали асри 16. Зодгоҳаш Ҳирот буда, дар Табрезу Исфаҳон умр ба сар бурдааст. Шогирди Камолуддин Беҳзод. Дар нигориши мусаввараҳои манзаравӣ, сураткашӣ, сиёҳқаламӣ ва хушнависӣ ҳампояи устодаш буд. Муҳаммадҳайдари  Мусаввир дар Табрез як силсила минётурҳо эҷод кардааст, ки дар онҳо собки мактабҳои Ҳироту Табрез аксандоз аст. Минётурҳои маҳфузмондаи ӯ дар «Ҳафт авранг» ва нусхаи шарҳии «Тӯҳфат-ул-аҳрор»-и Ҷомӣ (аз онҳо нақши «Ҷаҳри дарвешон» ҷолиби диққат мебошад) ҷойгиранд. Қисми зиёди минётурҳои Муҳаммадҳайдари Мусаввир асо­сан ба тасвири манзараҳои базм, та­биат ва наботот бахшида шудаанд.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …