Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДҲАЙДАР

МУҲАММАДҲАЙДАР

nophotoМУҲАММАДҲАЙДАР (1409—1551), муаррих, ходими дав­латии Муғул ва Туркистони Шарқӣ, набораи хони ҷағатой Юнус, писархолаи Бобур. Бобур ӯро Мирзоҳайдар номидааст. Муҳаммадҳайдар муаллифи асари таърихии «Таърихи Рашидӣ» (1541— 1547) мебошад, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Ин асар ба таърихи ҳокимони Муғул ва амирони Қошғар бахшида шудааст. Инчунин дар бораи аҷдоди ӯзбекҳо ва воқеаҳои таърихии давраи Шайбонихон ба тафсил ҳикоят мекунад. «Таъ­рихи Рашидӣ» соли 1895 дар Лондон ба забони англисӣ тарҷума ва чоп гардида, тарҷумаҳои нопурраи туркӣ, уйгурии он низ мавҷуд аст. Он дар бисёр китобхонаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ленинград, Душанбе, Тошкент маҳфуз аст. Муҳаммадҳайдар асари гео­графии худ «Ҷаҳоннома»-ро ба забони туркӣ ба назм таълиф кардааст.

Қ. Бобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …