Маълумоти охирин

МУХАММАДАЛЙ

nophotoМУХАММАДАЛЙ ( соли таваллуд ва вафоташ номаълум), меъмор ва наққоши асри 15. Аслан нахҷувонист. Дар сохтмон, ороиш ва нақшунигорӣ як қатор ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Нахҷувон ва Боку иштирок кардааст. Ороиши пештоқи бошукӯҳи Девонхона ва сохтмони қисмати гӯрхонаи ансамбли меъмории насри Ширвоншоҳон дар Боку аз намунаҳои беҳтарини амали ӯст, ки то замони мо расидааст. Муҳаммадалӣ номи худро дар байни нақшҳои ҷозиби пештоқи гӯрхона бо хати куфӣ сабт намуда, санаи анҷоми онро низ 839 (1435 м.) нишон додааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …