Маълумоти охирин

МУҒУЛЧА

mugulcha«МУҒУЛЧА» шӯъбаи махсуси мақомҳои силсилаи «Шашмақом». «Муғулча» дар қисми дуюми «наср»-и мақомҳо ҷойгир шуда, ба худ номи ин 6 он мақомро мегирад. Macалан, «Муғулчаи Бузург», «Муғулчаи Дугоҳ», «Муғулчаи Наво» ва ғайра. Ибораи «Муғулча» асосан ба услуби зарбӣ тааллуқ дорад ва ҳамаи шуъбаҳои «Муғулча» бо усули зерин иҷро карда мешаванд:

Шуъбаи «Муғулча» мисли Савт аз композисияи панҷтаркиба иборат буда, о асосии он бо усули зарбии дигар: «Талқинчаи Муғулча», «Қашқарчаи Муғулчаи», «Соқиномаи Муғулча» ва «Уфари Муғулча» иҷро карда мешавад. Аз ҷиҳати мояи оҳангӣ «Муғулча» одатан бо Сарахбори ин ё он мақом алоқаманд аст. Матни шеърии аксарияти «Муғулча»-ҳоро ғазалҳои шоир

«Муғулча» дар мақомҳои «Рост» ва «Ироқ» вуҷуд надорад. «Муғулча»-и мақоми «Дугоҳ* бошад, шуъбаҳои (шохобҳои) иловагии «Қадандарӣ» ва «Самандарӣ»-ро дар бар мегирад. «Муғулча-и Дугоҳ» дар репертуари Ансамбли мақомхонони телевизион ва радиои тоҷик, Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР А. Бобоқулов ва Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалисти Тоҷикистон Ҷ. Набиев мақоми хос дорад.

Адабиёт: Шашмақом, ҷилди 1—5, Москва, 1950—67.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …