Маълумоти охирин

МУБОРАК

nophotoМУБОРАК (тахалл.; номаш Муборакқадами Абдуллоҳ; 1843, деҳаи Ямг, ҳозира райони Ишкошими ВАБК —1902, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар девони ашъораш худро Мубораки Ваханӣ ном меорад. Аз оилаи деҳқони камбағал. Муборак осори бадеии зиёде доштааст, аммо то имрӯз ёздаҳ асараш дастрас гардидааст: девони ашъор, «Достони тафсири ояти калом дар ҳақиқати муҷодилаи Иблис ва Одам», маснавии «Тарҷумат-ул-баён», рисолаи «Чинил дуньё», достонҳои «Қатрат-ул-баҳр», «Кашф-ус-салавот», «Тафсири калом», «Муноҷот-ул-ноҷот» ва ғ. Ашъори Муборак бештар мазмуни тасаввуфӣ ва ишқӣ дорад. Фниру ақоиди пандуахлоқӣ дар осори Муболиға зиёд аст. Достонҳои «Тарҷумат-ул-баён» ва «Қатрат-ул-баҳр» баъзе масъалаҳои иҷтимоию сиёсии замонро низ дар бар гирифтаанд. Муборак ҳофиз, мутриб, хаттот, кандакор ва наққоши хубе будааст. Рубоби нуздаҳтора, ки онро Муборак «баландмақом» номидааст, маҳсули ҳунари ӯст. Муборак когаз ҳам ихтироъ кардааст, ки намунаҳояш то ҳол боқист. Инчунин дар назди хонаи шоир иншооти сангие барқарор аст, ки дар он Муболиға мушоҳидаҳои астрономӣ мегузаронид.

Ад.: Абибов А., Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон, д.. 1971.

А. Ҳабибов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …