Маълумоти охирин

МУБОЛИҒА

МУБОЛИҒА, муболаға (ар.  — зиёд нишон додан), аз санъатҳои бадеии маънавист, ки ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти советии тоҷик бисьёр истифода мешавад. Шоир ё носир дар мидҳат ё мазаммат чандон муболиға намояд, ки аз ҳадди эътидол бигзарад ва исботи он аз муҳолот бошад ва ин бар се қисм аст: таблиғ, иғроқ ва ғулув. 1) Таблиғ, муболиғаест, ки ба қиёс наздик ё ба вуқӯъ омаданаш мумкин бошад, чунончӣ:

Сиёҳе ба кирдори нахли баланд,

Ҳаросон аз ӯ дидаи нахлбанд.

(Низомӣ).

2) Иғроқ, муболиғаест ба қиёс наздик, аммо ба вуқӯъ омаданаш мумкин набошад. Мисол:

Гар чарад дар чамани ҳусни ту занбӯри асал,

Чӣ аҷаб, гар зи гули шамъ бигиранд гулоб.

3) Ғулув, муболиғаест хилофи қиёс ва ба вуқӯъ омаданаш ҳам мумкин набошад. Мас.:

Эи сумми сутурон дар он паҳндашт,

Замин шаш шуду осмон гашт ҳашт.

(Фирдавсӣ).

Муболиға воситаи асосии тасвир дар афсонаҳои халқӣ, асотир ва достонҳои қаҳрамонӣ будааст. Тасвири амалиёт ва симои қаҳрамонон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-ҳои дигар саросар муболнғаомез аст. Дар адабиёти классикии тоҷик буньёди қасида ҳам, ки тасвири он тавсифист, ба тасвирҳои муболиғаомез асос меёбад. Муболиға воситаи асосии офаридани асарҳои нақлӣ ҳам мебошад. Мас., С. Айнӣ дар тасвири образи Қорӣ Ишкамба («Марги судхур») аз санъати Муболиға басо моҳирона истифода бурдааст.

Ад.: Зеҳнӣ Т., Санъати сухан, Д., 1979;

  1. X. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …