Маълумоти охирин

МУАЗЗАМХОН

nophotoМУАЗЗАМХОН духтари Мирсаид (таваллуд нимаи дуюми асри 19, Хуҷанд—1917, Ҷиззах), шоираи зуллисонайн. Ашъорашро ба тоҷикию ӯзбекӣ эҷод кардааст. Зиёда аз 500 байт шеъри Муаззамхон дар шакли девони алоҳида маҳфуз мондааст. Ашъори ӯ дар баёзи хоҳараш Муаттархон низ мавҷуд аст. Ғазалҳои Муаззамхон бо равонии забон, равшании фикр ва аниқии ифода мумтозанд. Шеърҳои шоира пур аз ҳасрат ва норозигӣ аз ҷабру зулми замон мебошанд. «Ҷабри замона,— мегӯяду,— ба қалби захмини ман ҳар лаҳза хор мезанад…». Вале ӯ роҳи халосиро аз ҷабру зулм наёфта, сабру таҳаммул пеша карданро мефармояд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …