Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОТОРОЛЛЕР

МОТОРОЛЛЕР

motorollerМОТОРОЛЛЕР (нем. Motorroller зинаи — бо ёрии мотор геланда, аз motor — мотор, муҳаррик ва rollen — гелоидан), яке аз хелҳои мотоцикл аст, ки барои ронанда бароҳат аст. Сипарӣ пеш, ки дар поён ба поймонакҳои васеъ табдил меёбад, ронанда ва пассажирро аз чангу лой муҳофизат мекунад. Дар зери нишастгоҳ ҷой гирифтани муҳаррики ғилофпӯш ва мавҷудияти чархҳои нисбат ба чархҳои мотоцикл хурд нишастану фуромадани ронандаро осон менамояд.

Дар Мотороллер одатан муҳаррики дутактаи якцилиидраро истифода мебаранд. Муҳаррики Мотороллер бо ҷараёни табии ҳаво ё маҷбурӣ (бо ёрии вентилятор) хунук мешавад. Аксари муҳаррикҳои Мотороллерро бо воситаи стартёри электрӣ ба кор меандозанд. Суръати максималии ҳаракати Мотороллер 70—95 км/с мебошад. Истеҳсоли оммавии Мотороллерҳо охири солҳои 40 (дар Иттифоқи Советӣ аз 1957) cap шуд. Ба сабаби кам будани талабот ба Мотороллер дар хориҷа ибтидои солҳои 70 истеҳсоли он якбора кам шуд ва аз соли 1972 тамоман қатъ гардид. Дар Иттифоқи Советӣ Мотороллерҳоро заводҳои Тӯла ва Вятские Поляны мебароранд. Дар acocи Мотороллер воситаҳои нақлиёти 3-чарха барои кашондани 100—150 кг бор сохта шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …