Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МОТИКОНИ ЙАВЙШТИ ФРИЁН»

«МОТИКОНИ ЙАВЙШТИ ФРИЁН»

«МОТИКОНИ ЙАВЙШТИ ФРИЁН» («Достони Йавишт писари Фриён»), яке aз осори адабиёти паҳлавист. Замони таълифаш маълум нест. «Мотикони Йавйшти. Фриён» аз 6 боб иборат буда, дорои 3 ҳазор калимаи паҳлавист. Мазмуни мухтасари «Мотикони Йавйшти. Фриён» чунин аст: «Ахтном ҷодугаре бо 70 ҳазор лашкар ба шаҳри «Фаршангузорон» (номи шартист, ки тарҷумааш шаҳри

«Посухгузорон», «Кушояндагони муаммо» мебошад), ҳуҷум оварда, шарт мегузорад, ки агар аҳли шаҳр 6а саволҳояш ҷавоб дода натавонаид, онро зери пои филон хароб ва несту нобуд хоҳад кард. Навишти Фриён ном марде ба 33 саволи Ахт ҷавоб медиҳад ва худ чанд суоле пеши ҷодугар мегузорад. Ахт ба саволҳои Йавишт ҷавоб дода наметавонад ва ба дасти ӯ кушта мешавад. Сюжети «Мотикони Йавйшти. Фриён» аз манбаи қадимтар — «Обои Яшт»-и Авесто гирифта шудааст. Дар Авесто ин қисса ҳамагӣ се банд аст. Йавишти Фриён ба Ардвисура Анабито қурбониҳо пешкаш карда, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки дар ҷавоб додан ба 99 (дар «Мотикони Йавйшти. Фриён» 33) саволи сарбастал Ахти ҷодугар ӯро ёвар бошад. Ардвисура Анахито ин хоҳиши ӯро ба ҷо меорад. Дар қиссаи паҳлавии «Мотикони Йавйшти. Фриён» лаҳзаҳои вохӯрии Ахт ва йавишт, саволу ҷавоби онҳо бо ҷузъиёташ тасвир ёфтааст. Саволҳои Ахти ҷодугар ба масъалаҳои дини зардуштӣ, илми тиб, ҳаёти ҷонварону парандагон. инчунин дигар масъалаҳои ахлоқиву иҷтимоӣ бахшида шудаанд. Баъзе саволҳо аз ҷиҳати шакл чистон ва лугзҳои маъмулианд. Мас., пурсиши зерин ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам шакл ҷолиби диққат аст: «Он чист, кит даҳ по, се cap, шаш чашм, шаш гӯш, ду дум, се бинӣ, чаҳор шох, се пушт дорад ва тамоми ҷаҳонро зиндагӣ ва хӯриш аз ӯст?» Чавоб: «Марде, ки бо ду барзагов ҷуфт меронад». «Мотикони Йавйшти. Фриён» ба адабиёти классикии форс-тоҷик таъсир расондааст; боби чоруми «Марзбоннома» аз бисьёр ҷиҳатҳо ба он монанд аст. То замони мо якчанд нусхаи ба хати паҳлавӣ навишташудаи «Мотикони Йавйшти. Фриён» расида аст, ки муҳимтаринашон соли 1266 бо дасти Рустами Меҳрпаноҳ китобат шудааст. «Мотикони Йавйшти. Фриён» дар асри 19 аз тарафи шарқшиносони европоӣ ба табъ расида, ба забонҳои англисӣ ва франсавӣ тарҷума шудааст.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …