Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ШОНАКУНӢ

МОШИНИ ШОНАКУНӢ

МОШИНИ ШОНАКУНӢ, Mошини тинг-тинг, мошинест дар истеҳсолоти бофандагӣ, ки барои ба нахҳои алоҳида ҷудо кардани (шона кардани) масолеҳи нахдор (пахта, пашм, нахҳои сунъӣ ва ғ.) истифода мешавад; яке аз мошинҳои асосии истеҳсолоти ресмонресӣ ба ҳисоб меравад. Ду гурӯҳи ин мошинҳо маъмуланд: дар гурӯҳи якум масолеҳро ба воситаи кардҳо (тасмаҳои металлии дандонаҳояшон сӯзаншакл ё аррашакл), дар гурӯҳи дуюм бо воситаи шонаҳои металлӣ шона мекунанд. Мошинҳои шонакунии кардӣ дар навбати худ, вобаста ба навъи масолеҳи коркардашаванда кӯлоҳакдор (барои коркарди пахта, нахҳои сунъии кӯтоҳ) ва навардчадор (барои коркарди пашм, канаб, нахҳои сунъии дароз) мешаванд.

Схемаи мошини шонакунӣ.

Амали шонакунии нахро дар мисоли схемаи технологии Мошини шонакунии кӯлоҳакдор муоина мекунем (расм). Лӯлаи пахтаи аз мошини тинг-тинг омадаро болои наварди 1 мегузоранд Ин навард чарх зада, лӯларо мекушояд, ки он аз рӯи мизи 2 ҳаракат карда, ба цилиндри 3 меояд. Қабати нахҳо аз байни цилиндру сатҳи миз бо суръати 0,2—0,4 м/дақ гузашта ба дандонаҳои барабани аррашакли 4 меояд. Дандонаҳои нӯгтез онро ба қабатҳои тунук ҷудо карда ба рӯи панҷараи 5 мепартоянд, ки аз сӯрохҳои он ғашҳои майда рехта, як қисми нахҳо ҷудо мешаванд. Сипас нахҳoи пахта ва тӯда-тӯда нахҳои он ба устувона (барабан) асосии шонакунандаи 6 меоянд Дар қисми болои он кӯлоҳакҳои 7 (лавҳаҳои чӯяние, ки ба онҳо тасмаҳои сӯзаншакл часпонда шудаанд) ҷойгиранд. Нахҳо аз байни сӯзанҳои барабани асосӣ ва кӯлоҳакҳо гузашта, ба қабатҳои тунук ҷудо мешаванд. Ин қабатҳои тунук ба барабани 8 мепечанд, шонаи зуд-зуд лаппандаи 9 бошад онҳоро кушода мегирад. Қифи 10 нахҳоро ба ресмони ковоки сафед — навори шонашуда табдил медиҳад, ки он ба қуттии махсуси 11 таҳ карда мешавнад. Мошинҳои шонакунӣ бо роҳи афзун гардондани самара ва ҳосилнокии онҳо инкишоф меёбанд.

Ҳ. Саидов,

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …