Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ГЕРБИЦИДУ АММИАКПОШ

МОШИНИ ГЕРБИЦИДУ АММИАКПОШ

gerbicidМОШИНИ ГЕРБИЦИДУ АММИАКПОШ, мошинест барои ба хок (ҳангоми шудгор, култивация, кишт ва ғизодиҳии зироат) рехтани маҳлули обии аммиак ва пошидани гербицидҳо бо мақсади нест кардани алафҳои бегона. Дар СССР Мошини гербициду амиакпоши ГАМ (расм) паҳн гаштааст. Қисмҳои асосии кории он: шланги омех­тагари гидравликӣ, зарфи маҳлул, насоси дандопачархдор, такьягоҳи штанга, чумаки седаҳана, поя барои гузориши зарф ба болои рамаи трак­тор. Зарфҳои Мошини гербициду амиакпошро аз маҳлул бо ёрии аппаратҳои вакуум пур ме­кунанд. Нормаи рехти маҳлулро бо­шад, ба воситаи интихоби жиклёрҳои диаметрашон ҳархела, каму зиёд кардани адади жиклёрҳои штанга ва инчунин тағйир додани суръати ҳаракати агрегат ба низом меандозанд. Мошини гербициду амиакпошро ба тракторҳои «Бе­ларусь» овехта ё бо култиватор, плуг, мошини нурипошӣ ва дигар мо­шинҳои хоҷагии қишлоқ якҷоя васл (агрегатонида) карда, истифода мебаранд. Паҳноии коркардаш 1—15 м, ҳаҷми зарфҳояш 560 л. Дар як соат (вобас­та аз намуди мошин ё тухмипошак) ба 0,5—3 га гербициду аммиак мепошад. Агрегатро тракторчӣ идора мекунад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …