Маълумоти охирин

МОРЕНА

morenaМОРЕНА (аз франс. moraine), тарокуми ҷинспораҳои гуногунандозае, ки дар натиҷаи ҳаракати пиряхҳо пайдо шудааст. Мореллӣҳо ҳаракаткунанда ва хобонида мешаванд. Мореллии ҳаракаткунанда дар навбати худ ба Мореллии болои (рӯй), дарунӣ ва поёнӣ (қаърӣ) тақсим мешавад. Мореллии болоӣ дар натиҷаи аз нишебиҳои кӯҳ ба рӯи пирях канда шуда ё ғелида фаромадани ҷинспораҳо ба вуҷуд меояд. Мореллии дарунӣ аз ҷинспораҳое иборат аст, ки онҳо ҳамроҳи тарма дар қабати пирях ҷойгир шудаанд. Мореллиҳои болоӣ ва дарунӣ танҳо ба пиряхҳои кӯҳӣ хосанд. Мореллӣ поёнӣ ҷинспораҳоест, ки аз замини зери пирях раҳоӣ ёфта, дар қабатҳои поёнии ях ҷамъ шудаанд. Мореллии поёнӣ ҳам ба пиряхҳои кӯҳӣ ва ҳам ба пиряхҳои материкӣ мансуб аст. Ҷинспораҳои дар ду паҳлуи забонаи пирях тавассути пеш рафтани он ғуншударо Мореллии паҳлуи меноманд. Мореллии хобонида аз ҳаракати пиряхҳои материкӣ ва кӯҳӣ ба вуҷуд меояд; он та рокуми ҷинспораҳое мебошад, ки баъди об шудани пирях дар шакли теппаю қатортеппаҳои паст боқӣ мондааст. Мореллии хобондаи ноҳияҳои яхпӯши материкӣ аз омехтаи гил, регу харсангҳо ва дар кӯҳсор аз омехтаи харсанг, сангреза ва регу хок иборат аст. Омӯхтани Мореллӣ дар кашфи коҳҳо ва муайян намудани ҳудуди яхбандиҳои Қадимӣ кӯмак мерасонад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …