Маълумоти охирин

МОРЕНА

morenaМОРЕНА (аз франс. moraine), тарокуми чинспорахои гуногунандозае, ки дар натичаи харакати пиряххо пайдо шудааст. Мореллихо харакаткунанда ва хобонида мешаванд. Мореллии харакаткунанда дар навбати худ ба Мореллии болои (руй), даруни ва поёни (каъри) таксим мешавад. Мореллии болои дар натичаи аз нишебихои кух ба руи пирях канда шуда ё гелида фаромадани чинспорахо ба вучуд меояд. Мореллии даруни аз чинспорахое иборат аст, ки онхо хамрохи тарма дар кабати пирях чойгир шудаанд. Мореллихои болои ва даруни танхо ба пиряххои кухи хосанд. Морелли поёни чинспорахоест, ки аз замини зери пирях рахои ёфта, дар кабатхои поёнии ях чамъ шудаанд. Мореллии поёни хам ба пиряххои кухи ва хам ба пиряххои материки мансуб аст. Чинспорахои дар ду пахлуи забонаи пирях тавассути пеш рафтани он гуншударо Мореллии пахлуи меноманд. Мореллии хобонида аз харакати пиряххои материки ва кухи ба вучуд меояд; он та рокуми чинспорахое мебошад, ки баъди об шудани пирях дар шакли теппаю катортеппахои паст боки мондааст. Мореллии хобондаи нохияхои яхпуши материки аз омехтаи гил, регу харсангхо ва дар кухсор аз омехтаи харсанг, сангреза ва регу хок иборат аст. Омухтани Морелли дар кашфи коххо ва муайян намудани худуди яхбандихои Кадими кумак мерасонад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.