Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОДУЛЯТОР

МОДУЛЯТОР

modulyatorМОДУЛЯТОР дар радиотехни­ка ва алоқаи дур, чиҳозест ба­рои тағйир додани параметри, m ягон нроцесси физикии мунтазамро ифода мекунанд. Дар радиотехника Модуляторҳо барои тағйир додани амплиту­да, басомад ва фазаи лаппиш таъин шудаанд (ниг. Модуляция). Баъзе намудҳои қувватдиҳандаҳои параметрие, ки басомади сигнали пурқувватшавандаро тағйир медиҳанд, инчунин қувватдиҳандаҳои диалектрикию магнитӣ низ «Модулятор» номида ме­шаванд. Таҷҳизотеро, ки сели анер­гия, дурахшонии рӯшноӣ, зичии дастаҳои алектронӣ, ионӣ ва молекулавӣ ва ғ-ро тағйир медиҳанд, низ Модулятор меноманд. Шарти асосии имконпазирии кори Модулятор чунин аст: системае, ки дар он процесси модулидия мегузарад, бояд соҳиби элементе бо­шад, ки он бо таъсироти беруна параметрҳои ин процессро тағйир дода тавонад. Бо Модулятор меъёри таъсироти берунаро муқаррар кардан мумкин. Мас., Модуляторҳои радиотехникӣ сигналҳоеро ҳосил мекунанд, ки онҳо ба эле­менти ғайрихаттии генераторҳои лаппишҳои гармоникӣ таъсир карда, амплитуда, басомад ва фазаи лаппишро тағйир медиҳанд. Дар як қатор ҳолатҳо Модулятор бо генератори модуляцияшаванда як ҷиҳози томро таш­кил медиҳад, яъне элементи генератореро ташкил медиҳад, ки бо таъсирота беруна идора карда мешавад. Вобаста ба он ки хелҳои модуляция гуногунанд, Модуляторҳои радиотехникӣ аз ҳамдпгар бо принципи кор ва сохташон фарқ мекунанд ва ба асбобҳо барои модуляцияи амплитуда, модуляцияи басомад ва модуляцияи фа­заи лаппишҳо тақсим мешаванд. Асбобҳое, ки намудҳои гуногуни модуляцияи импуленро ба амал меоранд. Гурӯҳи махсуси Модуляторҳоро ташкил медиҳанд. Модуляторҳои амплитудаи қуввадиҳандаҳои махсусе мебошаид» дар ду режими принципан аз х фарқкунанда кор карда метавонанд. Дар мавриди аввал (модуляцияи амплитудии турӣ) сигнал аз махраҷ (баромад)-и Модуляторҳо ба яке аз тӯрҳои лампаи генераторӣ дода мешавад ва муқовимати дохилии онро тағйир дода, интенсивияти лаппиши генератоppo дигаргун месозад. Иқтидори чунин Модулҳо кам мебошад. Иқтидори махраҷи Модулҳои дар режими мо­дуляцияи анодӣ коркунанда одатан бо иқтидори лаппиши модуляцияшванда тақрибан яксон аст. Дар ин ҳолат сигнали Модул ба аноди лампаи генераторӣ хамчун шиддати истеъмолӣ ё пай дар пай бо шиддати доимии истеъмолӣ дода мешавад. Модулҳои амплитудӣ дар намуди қувватдиҳаядаҳои пуриқтидори пастбасомад барои радиошунавонӣ ва радиоалоқа ва дар намуди видеоқувватдиҳандаҳо барои телевизион, радиотелеметрия ва ғ. истифода меша­ванд.

Дар Модуҳо барои модуляцияи басомадӣ сигнали идоракунанда яке аз параметрҳои реактивии (индуктивият ё ғунҷоиш) контури лаппиши генератори «таъминкунанда»-ро тағйир медиҳад. Ба сифати элемент­ҳои идоракунандаи реактивҳо, ки басомади генераторро идора меку­нанд, бештар лампаҳои реактивӣ — зинаҳои лампавие, ки Дар онҳо муқовимати мадхал (даромад) характери индуктинӣ ё ғунҷоишӣ дорад ва ба шиддати беруна вобаста аст, ис­тифода мешаванд.

Модулҳои импулси импулсҳои кӯтоҳи ин ё он шаклро ҳосил мекунанд ва онҳо дар навбати худ ба генераторҳои лампавӣ (мас., ба катоди магнетрон) дода мешававд. Модулҳои импулсӣ низ чун як навъи Модули амплитудӣ дар режимҳои модуляцияи тӯрӣ ва модуляцияи анодӣ кор карда метавонанд.

Ад.: Куки К. И., Соколинский В. Г., Передающие устройства многока­нальных радиорелейных систем связи, М., 1968; Модель 3. И., Радиопере­дающие устройства, М 1971.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …