Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДЕЛ

МОДЕЛ

model-3МОДЕЛ дар математика, тав­сифи такрибии ягон класси ҳодисаҳои реалияти воқеист, ки тавассути аломатҳои математикӣ ифода мешавад. Модел яке аз мукаммалтарин метод­ҳои омӯзиши олами воқеӣ, пешгӯии ҳодисаҳо ва идора кардани онҳо ме­бошад. Таҳлили Модел барои фаҳмидани моҳияти ҳодисоти воқеӣ имкони­ят медиҳад. Процесси моделсозии математикӣ, ё худ бо ёрии Модел омӯх­тани ҳодисаҳо асосан аз 4 марҳила иборат аст. Дар марҳилаи якум навъиёти объекти математикиро интихоб намуда, ба тадқиқи он аппарати математикии мувофиқеро интихоб мекунанд. Бигзор ягон системаи объектҳои математикии R (скаляр, вектор, тензор) дода шудааст. Барои сохтани Модел аппарати математикӣ (алгебра, таҳлили функционалӣ, ин­теграл ва ғ.)-и ба системаи Я мувофиқро бояд интихоб кард. Марҳилаи дуюми сохтани модели математикӣ аз муайян намудани қисматҳои асосӣ, робитаҳои мутақобила ва ғ. хосиятҳои системаи R, инчунин бо объектҳои математикӣ қиёс кардани онҳо иборат аст. Зимни он аломатҳои шартӣ, соҳаи муайянии тағйирёбандаҳо, андоза, вазн ва ғ. бузургиҳои математикӣ муайян карда ме­шаванд. Дар марҳилаи сеюм ҳодисо­ту процессҳои андаруни системаи R бо амалҳои математикӣ муқоиса карда мешаванд. Агар модели ма­тематикӣ бо ҳодисоту процессҳои система мувофиқат кунад, пас моде­ли сохташуда дуруст ва он системаи воқеиро бо муодилаҳои математикӣ пурра ифода мекунад. Марҳилаи чоруми моделонӣ аз кори «мустақилонаи» Модел оғоз меёбад. Ҳангоми ба модели математикӣ мувофиқат накардани ҳодисоти системаи дигар хосиятҳои муҳими системаро низ ба ҳисоб мегиранд.

Методи моделонии математикӣ бaъди бунёди ҳисобмошинҳои электро­нӣ чун методи пурзӯри тадқиқот мавқеъ пайдо кард. Модел ба ҳалли мураккабтарин масъалаҳои илму техни­ка, аз ҷумла барои омӯхтани режими корӣ навтарин таҷҳизоти техника ва лоиҳакашӣ имконият медиҳад. Моделро чун олоти идоракунӣ низ истифода мебаранд. Онҳо дар соҳаҳои гуногу­ни илм, иқтисодиёт, системаҳои идо­раи автоматӣ татбиқ шуда истодаанд.

Я. Одинаев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …