Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДЕЛ

МОДЕЛ

model-2МОДЕЛ дар забоншиносӣ, дар забоншиносии структуравӣ ҳангоми тавсифи забон ва ҷиҳатҳои ҷудогонаи он барои таъини дақиқи мафҳумҳои забоншиносӣ ва робитаи байни онҳо истифода мешавад. Вобаста ба мавқеи истифода Модел фоно­логӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, семантикӣ мешавад. Дар сохтани Модел восита ва методҳои забоншиносии мате­матикӣ истифода мегарданд.

Агар ҳангоми таҳқиқи материали аслӣ овозҳо, калимаҳо, ҷумлаҳо ва натиҷаашон категорияҳо, таркибҳои маъноӣ бошанд, Модел аналитикӣ номида мешавад. Модели категорияи ҷинсият ба Модели аналитикӣ дахл до­рад. Модели аналитикӣ дар типологияи забонҳо истифода мешавад. Агар ҳангоми таҳқиқи материали аслӣ категорияҳо ва таркибҳои маъноии соддатар ва натиҷаашон шаклҳо бо­шанд, Модели синтетикӣ ва ё тавлидкунанда номида мешавад. Модели синтетикӣ баъзе фарзияҳои роҷеъ ба сохти дохилии забонро, ки баъд бо роҳи муқоиса бо фактҳои воқеии забон санҷида мешаванд, дар бар мегирад. Азбаски ҳар як Модел на тамоми забон, балки баъзе соҳаҳои он ё ҳатто категорияҳои алоҳидаи онро ба тасвир мегирад, тасвири аниқи забон, якбора истифода гардидани Моделҳои гуногунеро тақозо мекунад, ки ҳам ба як соҳаи ҷудогонаи забон мансубанд, ҳам ба соҳаҳои мухталифи он.

Ад.: Апресян Ю. Д., Идеи в мето­ды современной структурной лингвистики, М., 1966; Реван И. И., Метод мо­делирования и типология славянских языков, М., 1967; Маркус С., Теоре­тико-множественные модели языков, пер. с англ., М., 4970; Xомсии И. Н., Ас­пекты теории синтаксиса, пер. с англ.. М.. 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …