Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДДАҲОИ БЕЗАРАРКУНАНДА

МОДДАҲОИ БЕЗАРАРКУНАНДА

МОДДАҲОИ БЕЗАРАРКУНАНДА, пайвастҳои химиявиеро гӯянд, ки бо моддаҳои заҳрнок (М3) фаъолона ба реакция даромада, онҳоро безарар мегардонанд. Яке аз Моддаҳои безераркунандаи дастрас об аст. Обро барои безарар кардани либос ва баъзе воситаҳои муҳофизи зиддихимиявии шахсӣ истифода мебаранд. Моддаҳои безераркунандаи оксиду хлоронанда (мас., гипохлоритҳо Са(С10)2 6 NaCIO ва хлораминҳо CH3NC12, хло­рамин Б) бештар маъмуланд. Маҳлули обӣ ва суспензияи гипохлоритҳо дар шароити оддӣ пиритро оксиду моддаҳои заҳрноки фосфорорганикиро таҷзия мекунанд. Барои ин мақсад Са(СЮ)г бештар дастрас буда, барои безарар гардонидани мавзеу роҳҳо истифода мешавад. Гипохлоритҳо дар ҳарорати 0° С нофаъоланд. Дар ин ҳолат маҳлули хлораминҳо (мас., хлорамин Б) дар ҳалкунандаҳои органикӣ (спирт, дихлорэтан ва

ғ.) бештар маъмуланд. Хлораминҳо инчунин барои тайёр кардани пакетҳои зиддихимиявии шахсӣ, безарар кардани техникаи ҳарбӣ ва ғ. истифода мешаванд. Ба қатори Моддаҳои безараркунанда      баъзе ҳалкунандаҳои органикӣ (сӯзишвории моторӣ, спирт ва ғ.), маҳлули моддаҳои козурӣ ва ғ. низ мансубанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …