Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОЕВ Бобо Азизович

МИРЗОЕВ Бобо Азизович

nophoto-manМИРЗОЕВ Бобо Азизович (таваллуд 22. 12. 1924, деҳаи Чоркӯҳи ҳозира райони Исфараи вилояти Ленинобод), ходими партиявӣ ва советӣ. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1947. Техникаи индустриалӣ, Мактаби партиявии яксолаи Флоти ҳарбию баҳрии уқёнуси Ором ва 1956 Институти такмили ихтисоси кормандони инженеру техникии Свердловскро хатм кардааст. Солҳои 1942—47 дар сафи Армияи Советӣ, 1947—49 коргари кони ангишти Шӯроб, 1949 коргари «Мелиоводетрон» (ш. Калинин), 1949—50 устои сохтмони стансияи олавии ш. Сумгант, 1950 прораби заводи қанд (ш. Қӯқанд), 1950—56 устои сохтмон, сардори участкаи сохтмон, роҳбари техникӣ, сардори сохтмони асосии кони Гут (вилояти Уш), 1956 сардори гурӯҳи лоиҳаву сметании комбинати Консой (вилояти Ленинобод), 1956—57 ҷонишини директори Управленияи кони Лаккон (Исфара) буд. Солҳои 1957—58 инструктори Комитети партиявии вилояти Ленинобод, 1958—59 сардори трести СМУ-22-и «Тоҷикцелинстрой» (pайони Айнӣ), 1959—62 ҷонишини мудири шӯъбаи нақлиёти саноат дар назди Комитети партиявии вилояти Ленинобод, 1962—70 сардори трести сохтмони Ленинобод. 1970—71 раиси Совети шаҳрии Ленинобод, аз соли 1971 сардори Сару правленияи Давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон о  ид ба таъминоти моддию техникӣ. Аз соли 1978 раиси таъминоти давлатии (Госснаби) РСС Тоҷикистон Мирзоев дар тараққии соҳаҳои гуногуни сохтмони республика саҳми калон гузоштааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8—10). Бо ордени Революцияи Октябрь, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Дӯстии халқҳо, медальҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Грамотаи Фахрии КМ ПК Ӯзбекистон, Президиуми Совети Олӣ ва Совети Вазирони РСС Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …