Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / MИPCAНҶAPӢ

MИPCAНҶAPӢ

mirsanchlMИPCAНҶAPӢ, марсанҷлӣ,навъи зардолуи миёнсолӣ. Селекцияи халқӣ. Асосан дар райнҳои ши­моли Тоҷикистон (Конибодом, Исфара, Ху­ҷанд, Пролетар, Нов, Панҷакент, Айнӣ ва ғ.), инчунин дар водии Фарғонан РСС Ӯзбекистон мерӯяд. Хелҳои Мирсанҷари сурх, кадумирсанҷарӣ, Мирсанҷарӣ 2138 ва ғ. маъмуланд. Аз ҳар бехи он 100—350 кг мева меғундоранд. Дарахташ баланд (8—11 м), сершох ва дарозумр. Март — апрел гул кард, охирҳои июнь мепазад. Мевааш байзашакл, зарди норинҷӣ, вазнаш 25— 28 г, сершираву ширин буда, 1,48— 2,26% турушии себ ва 72,17—92,66% панд (аз ҷумла 7,08—9,68% глюкоза, 0,80—3,48% фруктоза, 64,14—82,20% сахароза) дорад. Аз Мирсанҷарӣ всосан гулунг, баргак, аштак тайёр мекунанд. Ҳангомн хушконидан 45—50% гулунг ё 20—25% баргак мешавад. Мағзи донакаш ширин.

Ад.: Пулодов А., Рӯёнидани ҳосили фаровони зардолу, Д., 1968; Пӯлодов А., Таджикский абрикос, д., 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …