Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / MИPCAНЧAPИ

MИPCAНЧAPИ

mirsanchlMИPCAНЧAPИ, марсанчли,навъи зардолуи миёнсоли. Селекцияи халки. Асосан дар райнхои ши­моли Точикистон (Конибодом, Исфара, Ху­чанд, Пролетар, Нов, Панчакент, Айни ва г.), инчунин дар водии Фаргонан РСС Узбекистон меруяд. Хелхои Мирсанчари сурх, кадумирсанчари, Мирсанчари 2138 ва г. маъмуланд. Аз хар бехи он 100—350 кг мева мегундоранд. Дарахташ баланд (8—11 м), сершох ва дарозумр. Март — апрел гул кард, охирхои июнь мепазад. Мевааш байзашакл, зарди норинчи, вазнаш 25— 28 г, сершираву ширин буда, 1,48— 2,26% турушии себ ва 72,17—92,66% панд (аз чумла 7,08—9,68% глюкоза, 0,80—3,48% фруктоза, 64,14—82,20% сахароза) дорад. Аз Мирсанчари всосан гулунг, баргак, аштак тайёр мекунанд. Хангомн хушконидан 45—50% гулунг ё 20—25% баргак мешавад. Магзи донакаш ширин.

Ад.: Пулодов А., Руёнидани хосили фаровони зардолу, Д., 1968; Пулодов А., Таджикский абрикос, д., 1976.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.