МЕТЕОРҲО (аз юн. meteora — ҳодисоти атмосферӣ ва осмонӣ), шиҳобҳо, ҳодисоти рӯшноист, ки ҳангоми ба атмосфераи Замин зада даромадани зарраҳои сахт — ҷисмҳои метеорӣ ба амал меояд. Ҷисмҳои метеорӣ ё худ метеороидҳо объектҳоеанд, ки дар фазои байнисайёравӣ ҳаракат мекунанд ва андозаҳояшон калонтар аз молекулаву хурдтар аз астероид мебошад. Ҷисми метеорӣ аз баландии 60—120 км бо суръати 11 то 72 км/сов ҳангоми ба атмосфераи Замин зада даромаданаш гудохта, бӯр шуда, пош хӯрда ва майда шуда меравад. Атомҳои моддаи метеорӣ ҳангоми бо молекулаҳои даво бархӯрдан ионизация мешаванд ва меангезанд. Партавафшонии метеор асосан бо афканиши атому ионҳои метеории ангехта алоқаманд аст, онҳо бо суръати ҷисми метеорӣ ҳаракат мекунанд ва энергияи кинетикиашон аз даҳҳо то ба садҳо электронвольт аст. Дар ин ҳол ҷисми метеорӣ қисман ё худ пурра массаи худро гум карда, изи метеориро ба вуҷуд меоварад.
Агар метеороид қиёсан массаи калон ва зичии зиёд дошта, суръаташ нисбатан бузург набошад, онгоҳ баъзан як қисми вай дар атмосфера пурра бухор нашуда ба рӯи Замин меафтад, ки онро метеорит меноманд. Метеореро, ки қадри ситоравиаш бештар аз —4 аст, болид (ба истилоҳи қадимаи тоҷикӣ соқиба) меноманд. Болидҳои басо равшанро то рӯзона ҳам метавон дид, ки дар баландии 20—40 км дурахшида, сипас нопадид мегарданд.
Ҳангоми дучор шудани Замин бо тӯдаи ҷисмҳои метеорӣ, ки дар атрофи Офтоб тақр. аз рӯи мадорҳои яихела давр мезананд, сели метеор (то 50—100 метеор дар 1 с) мушоҳида карда мешавад, ки онҳо тақр. аз як нуқтаи осмон — радиант мебароянд. Селҳои метеори мансуб ба бурҷҳоанд, ки радиантҳояшон Дар он воқеъ гардиданд. Селҳои метеорие, ки хеле бо шиддат меборанд (Дар мавриде, ки дар як дақиқа 1000 ва бештар аз он метеор мушоҳида шавад), шиҳобборон номида мешаванд. Мас., шиҳобборони Андромедиҳо дар соли 1789—1885, Тининиҳо дар соли 1939 ва 1962, Асадиҳо дар соли 1789, 1833, 1866 ва 1966 ва ҳоҷагии қишлоқ Метеорҳоро садҳо сол инҷониб пӯшонида мекунанд ва меомӯзавд. Аммо табиати ин ҳодисоти атмосфера хосиятҳои физикавӣ, тавсифи мадор ва сабабҳои пайдоиши он танҳо дар се-чор даҳсолаи охир ошкор ва муайян карда шудаанд.
Метеориоро бо усулҳои гуногун мушоҳида мекунанд. Қадимтарини он усули визуалӣ мебошад. Ин усул имкон дод, ки дар бораи тағйироти шабонарузӣ ва мавсимии мотеорҳо, дар бораи густариши онҳо дар гунбази осмон маълумот ба даст оварда шавад. Ҳоло барои омӯхтани метеорҳо мушоҳидаҳои фотографӣ, радиолокационӣ, дар солҳои охир электрониву оптикӣ ва телевизиониро истифода мебаранд, ки онҳо аз асоситарин усулҳо ба шумор мераванд.
Барои қайди фотографии метеорҳо асбоби ба ном наззори метеориро истифода мебаранд, ки аз чанд агрегатҳои фотографӣ иборат аст. Бо усулҳои фотографӣ метеорҳои то қадри ситоравии 4-ро қайд менамоянд. Аз ду маҳалле, ки масофаашон 30—50 км аст, дар гунбади осмон метеорҳоро ба сурат мегиранд. Аз рӯи фотосуратҳо дар фони ситораҳо баландии метеор ва радианти онро муайян кардан имконпазир мегардад. Ба пеши камераҳои яке аз агрегатҳои наззор обтюратор (олате, ки маҳлули даврзананда дорад)-ро гузошта, суръати метеорро низ муайян кардан мумкин мешавад. Агар ба пеши объективи фотокамераҳои агрегати дигар призмаҳо ё худ панҷараҳои дифракциониеро гузорем, дар фотонавор спектри метеор ҳосил мешавад, ки аз рӯи он метавон таркиби химиявии ҷисми метеориро муайян кард.
Усулҳои радиолокационӣ имконият медиҳад. ки метеорҳои то қадри ситоравии 12—15-умро дар нама Гуна шароитм обу ҳаво ва дар давоми шабонарӯз мушоҳида кунем. Радиолокатор паи метеориро ба қайд мегирад. Атомҳои буғшудаи моддаи метеори ҳангоми дар атмосфера ҳаракат кардан ба молекулаҳои ҳаво бархӯрда ва сипас ангехта дар шакли из намудор мешавад, ки он ба даҳҳо километр тӯл кашида метавонад. Ба туфайли диффузия шудан, ба якдигар часпидани зарраҳои ионизацияшуда ва ғ. изи метеорӣ ба зудӣ васеъ мешавад, тарокуми электронии он меафтад ва зимни он из пароканда мегардад.
Мушоҳидаҳои радиолокационии метеорҳоро барои муайян кардани суръат ва самти ҷараёнҳои ҳавоӣ дар зонаҳои метеории атмосфераи замин (баландиаш 120—60 км) истифода мебаранд.
Мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокационии метеорҳо бештар дар СССР (Душанбе, Ларьков, Қазон, Одесса, Киев, Обнивск, Фрунзе ва ғ.), РСҶС, ШМА, Канада, Австралия, Англия гузаронда мешаванд. Ҳоло бо ёрии датчикҳое, ки дар киштиҳои кайҳонӣ гузошта мешаванд, дар бораи метеороидҳои майдатарини андозаашон то 10- мм ҳам маълумоти пурқимат ба даст меоранд. Таҳти роҳбарии акад. АФ Тоҷикистон П. Б. Бобоҷонов бори аввал (с. 1964) дар Душанбе ва Одесса бо методи лаҳзавия водошт (экспозиция) мушоҳидаи фотографии метеорҳо гузаронда шуд, ки дар он дар атмосфераи Замин навъҳои гуногуни тақсимшавии ҷисми метеориро бараъло дидан мумкин буд. Метеороидҳо дар атмосфераи Замин аз сабаби кам будани зичиашон (1 г/см3) ва ковок будани сохташон пора мешаванд. Зичии ҷисмҳои метеории тавлидашон кометавӣ аз ин ҳам камтар аст.
Дар спектри метеорҳо асосан хатҳои эмиссионӣ намудоранд. Дар байни онҳо хатҳои атомҳои хунсои Fe, Na, Mg, Са, Сг, Мп, А1, N, О, Si, инчунин хатҳои ионизонидашудаи атомҳои Mg+, Si+, Са+ ва Fe+ ошкор карда шудаанд. Ҷисмҳои метеориро ба монанди метеоритҳо ба ду гурӯҳи калон: оҳанӣ ва сангӣ ҷудо кардан мумкин аст. Ҷисмҳои метеории сангӣ назар ба оҳанӣ бештар мушоҳида шудаанд.
Муоинаи мадори метеороидҳои спорадй (метеорҳои ҷудогона, ки мансуби ягон сели метеори нестанд) нишон доданд, ки моддаи метеорӣ асосан дар ҳамвории эклиптика рӯҳ шудааст ва ҳаракати рост доранд. Аксари метеорҳои қайдшуда (бештар аз 99%) мадори эллипсӣ доранд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷисмҳои метеориро системаи Офтоб тавлид кардааст. Бо роҳи мушоҳидаҳои фотографию радиолокационӣ мадори даҳҳо ҳазор метеорҳо муайян карда шудаанд.
Ба ҷисмҳои метеорӣ ба чузъ ҷозибаи гравитационии Офтоб ва сайёраҳо, инчунин афканишоти электромагнитию корпускулавии Офтоб ҳам таъсир мерасонанд. Чунончи, аз таъсири фишори рӯшноӣ хурдтарин ҷисмҳои метеории андозаашон хурдтар аз 0,001 мм ба беруни системаи Офтоб фишонда мешаванд. Эффекти Пойитингу Робертсон ва амсоликорпускулавии он, ки зимни фурӯбурди афканишоти изотропии радиацияи Офтоб ба амал меояд, оҳиста-оҳиста андозаҳои мадорро кам мекунад. Дар натиҷа, ҷисмҳои метеорӣ торафт ба Офтоб наздик мешаванд. Аз таъсири афканишоти офтобӣ ва протонҳои боди офтобӣ бӯр шудану пош хӯрдани ҷисмҳои метеорӣ сабаби торафт хӯрд шудани массаи метеороид мегардад. Давомати умри метеороидҳо дар минтақаҳои дарунии системаи Офтоб чандон беш нест. Аз ин сабаб ҳам захираи моддаи метеорӣ бояд бо кадом як тарзе ҳамеша пур шуда истад. Се манбаи чунин пуршавиро нишои додан мумкин аст: 1) порашавии ядроҳои нометаҳо; 2) майда шудани астероидҳо; 3) дуҳули майдатарин ҷисмҳо аз дуртарин канорҳои системаи Офтоб.
Массаи метеороиди ба атмосфераи Замин зада дароянда ҳар қадар калон бошад, метеори зодаи ӯ низ ҳамон қадар дурахшонтар мешавад. Ошкор шудааст, ки ҳангоми ба як қадри ситоравӣ кам шудани тобиши метеорҳо миқдори онҳо ду маротиба зиёд мешудааст.
Зичии моддаи метеорӣ дар фазой қарибизаминӣ тақр. 0,5 10-22 г/см3-ро ташкил мекунад. Дар давоми як шабонарӯз ба Замин аз даҳҳо то садхо тонна моддаи метеорй меафтад. Ба атмосфераи Замин дохил шудани моддаи метеорӣ боиси як андоза тағйир ёфтани таркиби қабатҳои болоии атмосфераи Замин мегардад ва ба пайдо шудани абрҳои парниён (нуқратоб), баъзе қабатҳои ионосфера ва ғ. мусоидат мекунад.
Ад.: Ленин Б. Ю., Физическая теория метеоров и метеорное вещество в солнечной системе, М., 1956; Бабаджанов П. Б., Крамер Е. Н., Методика и Некоторые результаты фотографических исследований метеоров, М., 1963; Кащеев Б. Д., Лебединец В. Н., Лагутин М. Ф„ Метеорные явления в атмосфере Земли, М., 1967; Катасёв А. А., Исследование метеоров в атмосфере Земли фотографическим методом, Л., 1966; Фиал ко Е. И., Радиолокация метеоров, М.. 1967; Evolutionary and Physical Properties of Meteoroids, NASA SP —319, Washington, D. S.. 1973.
П. Бобоҷонов.