Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕНДЕЛЬ

МЕНДЕЛЬ

mendelМЕНДЕЛЬ (Mendel) Грегор Иоганн (22. 7. 1822, Хейнцендорф, Австрия — Венгрия, ҳозира Гинчице, Чехословакия — 6. апрели 1884, Брюнн, Австрия—Венгрия, ҳозира Брно, Чехословакия), асосгузори таълимот дар бораи ирсият, ки ба шарафи ӯ иделизм ном иди шудааст, Соли 1843 шӯъбаи фалсафаи Университети Ольмонро хатм кардааст. Аз соли 1849 дар мактаби миёна аз таърихи табиӣ ва физика дарс гуфтааст. Солҳои 1851—53 «Институти Вена физика, ботаника, палеонтология ва химияи таълимиро омӯхт. Солҳои 1856—53 М, доир ба дурагакунии 22 навъи нахуд таҷриба-«1 гузаронид. Қайди миқдори ҳамаи нахудҳои дурагаҳои ҳосилшуда, инчунин таҳлили вариационию статистикии он ба Мендел имконият дод, ки аввалин бор (1865) қонунияти аз (ӯ дуршавӣ ва якҷояшавии омилҳои ирсиро асоснок ва тасвир намянд. Ин қонуният ба таълимоте оиди ирсият асос гардид ва «Қонунҳои Мендель» ном гирифт. Тадқиқотҳои Мендел ҳангоми дар қайди ҳаёт будани ӯ эътироф нагардидаанд. Ҳаққонияти дурустии хулосаҳои Мендел фақат соли 1900, пас аз таҷрибаҳои X. Де Фриз, К. Корренс ва Э. Чермак, аз тарафи умум эътироф шуданд. Мендел инчунин бо занбӯрпарварӣ, метеорология, боғдорӣ, ҷуфтикунонии муҳои бӯр ва сафед низ машғул шудааст.

Ае.: Опыты над растительными гибридами, М., 1965.

Ад.: Филипченко Ю. А., Фрэнсис Гальтон и Грегор Мендель, М., 1925.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …