МЕҲНАТОБОД, деҳаест дар С. қ Қизилқалъаи р-ни Коммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. совхози ба номи В. В. Куйбышев. Аз деҳа то маркази С. қ- 4 км, то район 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аз Меҳнатобод роҳи мошингарди Душанбе — Шаҳртуз мегузарад. Аҳолиаш 690 наф. (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола, клуб, пункти тиббӣ, фермаи хукпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва парвариши зироати хӯроки чорво. Заминҳо ба воситаи насос аз д. Вахш обёрӣ мешаванд.