МЕҲНАТОБОД, деҳа, маркази С. қ. Мичурини райони Восеъ, вилояти Кӯлоб. Терр. совхози ба номи И. В. Мичурин. Аз Меҳнатобод то маркази район 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2885 нафар (1981), тоҷикон. Меҳнатобод мактаби миёна, китобхона, касалхона, дорухона, боғча-яслӣ, шӯъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, заводи вино, нуқтаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, 2 магазин, нонвойхона ва ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — обчакорӣ, боғу ток ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Яхсу ва пармачоҳҳо обёрӣ мешаванд.