Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИКАИ ЗАМИН

МЕХАНИКАИ ЗАМИН

mekhanikai-zaminМЕХАНИКАИ ЗАМИН, илмест, ки ҳолати шиддатнокӣ ва деформационии замин, шартҳои мустаҳкамии он, фишороварӣ ба девори бинову иншоот, устувории қабатҳои замин ва ғайраро меомӯзад. Дар Механикаи замин ба сохт ва ҳолати физикии замин вобаста будани хосиятҳои механикӣ тадқиқ карда мешавад. Тавсияҳои Механикаи замин дар лоиҳакашии таҳкурсӣ ва асоси бинову иншоот, сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ, нефтепроводу газопроводҳо, барои пешгӯии дараҷаи деформа цияшавӣ ва устувории нишебиҳо истифода мегарданд. Механикаи замин барои тартиб додани прогнозҳо аз маълумотҳои геологияи инженерӣ, гидрогеологияи инженерӣ ва механикаи муҳити яклухт истифода мебарад. Проблемаи Механикаи замин асосан бо ду роҳ ҳал карда мешаванд: 1) усули назариявию амалӣ, ки дар он масъалаи Механикаи замин ба ҳалли масъалаҳои математикӣ асос меёбанд ва параметрҳои асосии ин масъалаҳо ҳатман дар таҷриба (дар лаборатория в бевосита дар маҳал) дастрас мегарданд; 2) усули моделоинро дар мавридҳое истифода мебаранд, ки ҳалли масъала камэътимод бошад. Дар соҳаи Механикаи замин бори аввал олими франсавӣ Ш. Кулон (1773) оид ба назарияи ҷисмҳои пошхӯранда тадқиқот гузаронд, ки як қатор натиҷаҳои он то ҳол дар ҳисобу китоби фишори такьяҳо васеъ истифода мешаванд. Бо тадқиқоти олими америкоӣ К. Терцаги (нимаи аввали асри 20) давраи нави инкишофи Механикаи замин оғоз ёфт.

Олимони советӣ назарияи нави мувозинати хаддии заминро кор карданд (В. В. Соколовский, В. Г. Береэанцев, С. С. Галушкевич, М. В. Малышев), масъалаҳои вобастагии байни заминҳои дуфаза ва сефазаро ҳал намуданд (Н. М. Герсеванов, Д. Е. Польшнн, В. А. Флорин ва диг.), чун соҳаи нави илм асосҳои М. з.-ро ба вуҷуд оварданд.

Қисми зиёди заминҳои Тоҷикистон заминҳои суст аст. Эаминҳои ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ки гурӯҳи заминҳои сусти фурӯраванда (аёссӣ)-ро ташкил медиҳанд, масъалаҳои лоиҳакашии бинову иншоотро душвор гардондаанд. Филиали Институти асос ва иншооти зеризаминӣ (Душанбе) ва Институти политехникии Тоҷикистон масъалаҳои кашидани лоиҳаҳои бинову иншоотро дар заминҳои суст, усулҳои пурқувваттар сохтани асосу таҳкурсиҳоро ҳал мекунанд (А. А. Мусаэлян, Е. Н. Сквалецкий, И. Ғ. Тониров, А. У. Абдуллоев, А. Г. Вильфанд) ва ба истеҳсолот тавсияҳои амалӣ медиҳанд.

А. А. Мусамӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …