Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИКАИ ЗАМИН

МЕХАНИКАИ ЗАМИН

mekhanikai-zaminМЕХАНИКАИ ЗАМИН, илмест, ки холати шиддатноки ва деформационии замин, шартхои мустахкамии он, фишоровари ба девори бинову иншоот, устувории кабатхои замин ва гайраро меомузад. Дар Механикаи замин ба сохт ва холати физикии замин вобаста будани хосиятхои механики тадкик карда мешавад. Тавсияхои Механикаи замин дар лоихакашии тахкурси ва асоси бинову иншоот, сохтмони иншоотхои зеризамини, нефтепроводу газопроводхо, барои пешгуии дарачаи деформа цияшави ва устувории нишебихо истифода мегарданд. Механикаи замин барои тартиб додани прогнозхо аз маълумотхои геологияи инженери, гидрогеологияи инженери ва механикаи мухити яклухт истифода мебарад. Проблемаи Механикаи замин асосан бо ду рох хал карда мешаванд: 1) усули назариявию амали, ки дар он масъалаи Механикаи замин ба халли масъалахои математики асос меёбанд ва параметрхои асосии ин масъалахо хатман дар тачриба (дар лаборатория в бевосита дар махал) дастрас мегарданд; 2) усули моделоинро дар мавридхое истифода мебаранд, ки халли масъала камэътимод бошад. Дар сохаи Механикаи замин бори аввал олими франсави Ш. Кулон (1773) оид ба назарияи чисмхои пошхуранда тадкикот гузаронд, ки як катор натичахои он то хол дар хисобу китоби фишори такьяхо васеъ истифода мешаванд. Бо тадкикоти олими америкои К. Терцаги (нимаи аввали асри 20) давраи нави инкишофи Механикаи замин огоз ёфт.

Олимони совети назарияи нави мувозинати хаддии заминро кор карданд (В. В. Соколовский, В. Г. Береэанцев, С. С. Галушкевич, М. В. Малышев), масъалахои вобастагии байни заминхои дуфаза ва сефазаро хал намуданд (Н. М. Герсеванов, Д. Е. Польшнн, В. А. Флорин ва диг.), чун сохаи нави илм асосхои М. з.-ро ба вучуд оварданд.

Кисми зиёди заминхои Точикистон заминхои суст аст. Эаминхои нохияхои Душанбе, Кулоб, Кургонтеппа, ки гурухи заминхои сусти фурураванда (аёсси)-ро ташкил медиханд, масъалахои лоихакашии бинову иншоотро душвор гардондаанд. Филиали Институти асос ва иншооти зеризамини (Душанбе) ва Институти политехникии Точикистон масъалахои кашидани лоихахои бинову иншоотро дар заминхои суст, усулхои пуркувваттар сохтани асосу тахкурсихоро хал мекунанд (А. А. Мусаэлян, Е. Н. Сквалецкий, И. Г. Тониров, А. У. Абдуллоев, А. Г. Вильфанд) ва ба истехсолот тавсияхои амали медиханд.

А. А. Мусами.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …