МАВЗӮЪ – калимаи арабӣ буда маънояш «вазъ кардашуда» мебошад. Дар забони руссӣ мавзӯъро «Тема» мегӯянд ва ба забони англисӣ «Object» ё «Subject» мегӯянд.
Ба Мавзӯъ объекти тасвири бадеӣ, доираи ҳодисаҳои ҳаёт, ки нависанда ё рассом дар асараш тасвир намудааст. Мавзӯъ бо мундариҷаи ғоявӣ алоқаи узвӣ дошта, масъалаи асосии асарро низ мефаҳмонад. Мавзӯъ берун аз образи бадеӣ ва сюжети асар вуҷуд надорад. Ҳар як асари бадеӣ ба ғайр аз мавзӯи асосӣ, инчунин чанд мавзӯи дигарро низ дар бар гирифта метавонад.
Масалан мавзӯи асосии повести «Одина»-и Садриддин Айнӣ тасвири ҳаёти пурмашаққати заҳматкашони кӯҳистони тоҷик пеш аз инқилоб ва бедории шуури синфии онҳост. Дар айни замон ин масъалаи асосии повест буда, нависанда онро ба василаи нишон додани манзараҳои гуногуни ҳаёт ва образи шахсони гуногун ҳал кардааст. Аммо дар «Одина» Мавзӯъ ва масъалаҳои дигар низ ҳастанд: истибдод ва истисмори бераҳмонаи синфи ҳукмрон, роли болшевикон дар бедории синфии меҳнаткашон, Мавзӯъи дӯстӣ ва рафоқати халқҳо ва ғайра низ аз Мавзӯъҳои дигари повест мебошанд. Маҷмӯи Мавзӯъҳои як асар мавзуот ё тематикаи асар номида мешавад.