Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВҶҲОИ ИСТОН

МАВҶҲОИ ИСТОН

mavchi-istonМАВҶҲОИ ИСТОН, мавҷҳое, ки дар натиҷаиинтерференцияи мавҷҳои рӯиҳам паҳншаванда пайдо мешаванд. Мавҷҳои истон амалан ҳангоми инъикоси мавҷҳо аз монеаву соҳаҳои ғайриякҷинсаи муҳит дар натиҷаи болои ҳам шудани мавҷҳои паҳншавандаву инъикосгардида ба вуҷуд меоянд. Қитъаҳои гуногуни Мавҷҳои истон дар як фаза, вале бо амплитудаҳои гуногун мелаппанд (расм). Дар Мавҷҳои истон, бар хилофи мавҷҳои давон, интиқоли энергия ба вучуд намеояд. Чунин мавҷҳо, мас., дар системаи чандир — милая металлӣ ё сутунии ҳамон даруни гулбаи як нӯгаш маҳкам (ҳангоми лаппишҳои поршень дар гулба) ташкил меёбанд. Мавҷҳои давон аз ҳудудҳои система инъикос мешаванд ва дар натиҷаи ҳамҷояшавии мавҷҳои афтандаю инъикосгашта дар ин система Мавҷҳои истон барқаpop мешаванд. Дар ин ҳол дар тӯли сутуни ҳаво ба номукдаҳои (гиреҳҳои) кӯчишҳо (суръатҳо)—ҳамвориҳое, ки ба тири сутуни ҳаво перпендикуляранду дар онҳо зарраҳои ҳаво намекӯчанд, аммо амплитудаҳои фишор максималианд ва даҳмишҳои кӯчишҳо — ҳамвориҳое, ки дар онҳо кӯчиш максималиву фишор баробари сифр аст, ташкил меёбанд. Укдаҳо ва дамиши кӯчишҳо дар тӯли гулба дар масофаҳои чаҳоряки дарозии мавҷ ҷой мегиранд, дар айни ҳол ҳамеша дар назди мовсан сахт гиреҳи кӯчишҳо ва дамишқ фишорҳо ба вуҷуд меоянд. Мавҷҳои истони чандир дар вибратори антеннаҳо ва порчаҳои алоҳидаи мавҷбарҳо муқаррар мешаванд. Дар Мавҷҳои истони электронагактӣ майдонҳои алектрӣ ва магнитӣ монанди ҷудо шудани кӯчишҳо ва фишорҳо дар мавриди Мавҷҳои истони чандир ҷудо мешаванд. Мавҷҳои истони соф дар асл фақат дар сурати нобудни хомӯшшавӣ дар муҳит ва инъикоси пурраи мавҷҳо аз ҳудуд муқаррар мегарданд. Одатан, тақсимшавии фишор ва суръат дар мавҷи истон (дар мавридҳои кушода ва марказондани нӯги гулба).

баробари Мавҷҳои истон дар муҳит мавҷҳои давон низ вуҷуд хоҳанд дошт, ки энергияро ба ҷойҳои фурӯбурд 6 афканиши он интиқол мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …