Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Деҳаи ТЕХАРВ

ТЕХАРВ, деҳаест дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Бадахшони Куҳистон маркази Совети қишлоқи Техарв. Дар ҳудуди совхози ба номи Федченко. Аз деҳа то маркази район 35 км. Аҳолиаш 335 нафар (1986). Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхон2а, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа ва устохонаи либосдӯзӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш ғаллакорӣ ва боғу токдорист. Заминҳо …

Муфассал »

ТЕТРОД

tetrod

ТЕТРОД (аз юнонӣ tetra — чор ва электр (од), лампаи электрониест, ки аз чор электрод (катод ду тӯр ва анод) иборат аст. Яке аз тӯрҳо идоракунанда, дигараш акскунанда мебошад. Тӯри акскунандаи Тетрод ғунҷоиши байни аноду тӯри идоракунандаро кам карда, шиддати дохилиро зиёд мекунад. Тетрод вазифаи лампаи генераторӣ ё худ лампаи …

Муфассал »

ТЕФИЯ

tefiya

ТЕФИЯ, радифи сайёраи Зуҳал. Диаметраш тақрибан ба 1000 км, масофааш аз маркази сайёра ба 294800 км баробар аст. Тефияро соли 1684 астрономи франсавӣ Ҷ. Кассини кашф кардааст. Даври гардиши синодиаш 1 шаборӯзу 21 соату 19 дақиқа. Нигаред низ Радифони сайёраҳо.

Муфассал »

ТЕТРАЭДРИТ

tetraedrit

ТЕТРАЭДРИТ, минералест аз зерсинфи сулфидҳои мураккаб. Таркиби химиявиаш: Сu12Sb4S13 ё ки ЗСu2S.Sb2S3. Сахтиаш 3—4; зичиаш 4,4—5,4 г/cм3 Аз ҷиҳати пайдоиш Тетраэдрит аксаран бо халкопирит ва баъзан бо сфалерит, галенит, пирит, арсеноптирит, бурнотит ва дигар минералҳо вобаста аст. Тетраэдрит яке аз минералҳои маъмули конҳои гидротермалии мис мебошад.

Муфассал »

ТЕТРАЭДР

tetraedr

ТЕТРАЭДР (юнонӣ tetraedron, аз юнонӣ Tetrarop ва hеdrа — асос, рӯя), яке аз 5 намуди бисёррӯяи мунтазамро гӯянд (расм), ки 4 рӯя (секунҷавӣ), 6 теға, 4 қулла (дар ҳар як қулла 3 теға ба ҳам мерасанд) дорад. Агар а — дарозии тегаи Тетраэдр бошад ҳаҷми он аз рӯи формулаи V …

Муфассал »