Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАРИБУРЗ

shohnoma

ФАРИБУРЗ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Флрдавсӣ, писари Кайковус. Фирдавсӣ дар достонҳои Кайковус ва Кайхусрав баробари паҳлавонон ва сарлашкарони Эрон борҳо аз Фарибурз ёд кардааст. Ҳакгоме, ки Гев Кайхусравро аз Тӯрон ба Эрон овард, Гударзу Золу Рустам ӯро лоиқи тахти шоҳи донистанд, вале Тӯс тарафдори ба тахт нишастани Фарибурз набуд. Аз …

Муфассал »

ФАРИД Шайх Фаридуддини Масъуд

ФАРИД Шайх Фаридуддини Масъуд мулаққаб ба Қутбулмуваҳҳидин, Қутбуззо ҳиддин ва Ганҷшакар (1173, Мултон—1266, Поклатани Панҷоб), шоири форсизабони Ҳиндустон, асосгузори адабиёти панҷобӣ. Падараш аслан аз Кобул буда, ба Мултон кӯчидааст. Фарид пас аз хатми таҳсил ба Қандаҳору Бағдод ва баъзе шаҳрҳои Эрон сафар карда, сипас оа Деҳлӣ омада, яке аз пешвоёни …

Муфассал »

ФАРЗОД Масъуд

ФАРЗОД Масъуд (таваллуд 1906, шаҳри Санандач), шоир ва мутарҷими эронӣ. Ашъораш дар маҷмуаҳои «Кӯи танҳои», «Базми дард» ва «Гули ғам» ҷамъ омадааст. Ашъори ӯ бештар мазмуни ишқию ахлоқӣ дорад. Фарзод дӯст ва ҳаммаслаки Содиқ Ҳидоят буда, ҳамроҳи у «Китоби мустаоби Вағ-Вағ Соҳиб» ном асари ҳаҷвие навиштааст. Доир ба адабиёти классикии …

Муфассал »

ФАРДИЯТ

fard

ФАРДИЯТ, хусусияти такрорнашаванда ва бемислу монанди ягон ҳодиса, мавҷудоти алоҳида ва одамро гӯянд. Он хилофи чизҳои умумӣ, типӣ ва (дар психологияи иҷтимоӣ) коллективӣ истифода мешавад. Ҳамчун мафҳуми фалсафӣ дар таълимот оид ба атом (фард) ва мабдаъ асоснок шудааст.

Муфассал »

ФАРЗИЯ – гипотеза

ФАРЗИЯ (арабӣ — гумон, пиндошт), фараз, гипотеза, як шакли дониши илмист, ки муҳокимаи тахминии қонуниятҳои робитаи ҳодисаҳоро дар бар мегирад. Фарзия аз назария фарқ мекунад. Фарзия чун шаклҳои дигари дониш инъикоси олами моддӣ, образи субъективӣи олами объективӣ дар шуури одам аст. Фарзияи илмӣ маҷмӯи томи қазияҳоест, ки қисме аз онҳо …

Муфассал »