Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФЕТ, Шеншин Афанасий Афанасевич

ФЕТ, Шеншин Афанасий Афанасевич (5. 12. 1820, деҳаи Новосёлкаи ҳозира раёни Мсени вилояти Орлов— 3. 12. 1892, Москва), шоири рус. Тарафдори бевоситаи ҷараёни «санъати маҳз». Аз масъалаҳои иҷтимоӣ, инъикоси ҳақиқати ҳаёт ва масоили рӯз дурӣ меҷуст. Бо вуҷуди ин назми ӯ асоси ҳаётӣ дорад. Вай манзараҳо, табиат ва ҳолати рӯҳии …

Муфассал »

ФЕРСМАН Александр Евгеневич

ФЕРСМАН Александр Евгеневич (8. 14. 1883, Петербург — 20. 5. 1945, Сочи, дар Москва дафн шудааст), геохимик ва минаралоги советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1919). Шогирди В. И. Вернадский. Муаллифи асарҳои барҷастаи «Геохимия» (ҷилд            1—4, 1933—39), «Пегматнтҳо» (1931). Ферсман мутахассиси калони соҳаи сангҳои қиматбаҳо ва резакорист. Муассиси якчанд ташкилотҳои илмӣ …

Муфассал »

ФЕРМИЙ

fm

ФЕРМИЙ (лотинӣ Ғеrmium), Ғm, элементи химиявии радиоактиви сунъӣ ҳосилкардашуда аз гурӯҳи III системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 100, мансуби актиноидҳо. Изотопи нисбатан устувораш 257Ғm (давраи нимкоҳишаш 80 шаборуз). Ба шарафи Э. Ферми Фермӣ номида шудааст.

Муфассал »

ФЕРОМОНҲО

ФЕРОМОНҲО, як навъ моддаҳои химиявиро гӯянд, ки ғадудҳои экзокрини (ё ҳуҷайраҳои махсус)-и ҳайвонот ҳосил мекунанд. Феромонҳои ҳар як фард ба муҳит хориҷ шуда, ба рафтор ва баъзан ба инкишофу тараққиёти фардҳои дигари ҳамон намуд таъсир мерасонанд. Таркиби феромонҳо гуногун аст. Он дар ҳашарот лисбатан пурра омӯхта шудааст. Истифодаи феромонҳо барои …

Муфассал »

ФЕРМЕНТҲО

fermenty-magicheskij-klyuch-k-zdorovyu-i-krasote-xa1506976108

ФЕРМЕНТҲО (аз лотинӣ fermentum — хамиртуруш, хамирмоя), энзимҳо, катализаторҳои махсуси сафедавиеро гӯянд, ки дар ҳамаи ҳуҷайраҳои зинда мавҷуданд. Ферментҳо мубодилаи моддаҳоро мураттаб ва танзим намуда, дар просессҳои фаъолияти ҳаётӣ роли муҳим мебозанд. Ферментҳо ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд: яккомпонента, ки фақат аз сафеда ва дукомпонента, ки аз сафедаю қисми ғайрисафедавӣ …

Муфассал »