Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФУҚОЪ

vinogradnij_sok

ФУҚОЪ, 1) шарбатест, ки аз мева ё ғалладона тайёр кунанд; 2) косаи шарбатнӯшӣ.

Муфассал »

ФУЧИК Юлиус

ФУЧИК Юлиус (23. 2. 1903, Прага — 8. 9. 1943, Берлин), ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, журналист. Қаҳрамони миллии РСЧС. Аз солҳои 20 яке аз муҳаррирони газета ва журнали ПКЧ —«Руде право» ва «Творба». Фучик ба СССР (1930, 1934—36), аз он ҷумла, ба Тоҷикистон низ омадааст ва як …

Муфассал »

«ФУТУҲОТИ шоҳӣ»

«ФУТУҲОТИ шоҳӣ» асари таърихии Амир Садруддин Султон Иброҳими Амини (асри 16), ки ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. «Футуҳоти шоҳӣ» аз ду дафтар (ҷилд) иборат аст. Ҷилдӣ аввал дорои 5 боб буда, боби 1-ум дар бораи офариниши оламу одам ва асосгузорони дини ислом; боби 2-юм дар бораи 23 соли аввали ҳукмронии …

Муфассал »

«ФУТУҲОТИ ХОНӢ»

«ФУТУҲОТИ ХОНӢ» асари таърихии Камолуддини Бинои, ки воқеаҳои замони Шайбонихон ва таърихи хонадони ӯро дар бар мегирад. Дар «Футуҳоти хонӣ» роҷеъ ба ҷангу ҷидол, забткориҳои Муҳаммади Шайбонӣ, вазъи давлатҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрону Озарбойҷон, задухӯрдҳои байниҳамдигарӣ ва кашмакашҳои дохилӣ, тарзи давлатдории Шайбониён, забти Бухоро ва ғайра баён шудааст. Муаллиф зимни …

Муфассал »

«ФУТУҲ-УЛ-БУЛДОН»

«ФУТУҲ-УЛ-БУЛДОН» («Фатҳи кишварҳо»), асари таърихии Балозурӣ, ки баъди соли 869 таълиф шудааст. «Футуҳ-ул-булдон» аз 90 боб иборат аст. «Футуҳ-ул-булдон»-ро аз рӯи хронология, мазмун ва сохт ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст. Дар қисми аввал ҳиҷрати Муқаммад аз Макиа ба Мадина ва забткориҳое, ки ба онҳо худи Муқаммад дар нимҷазираи …

Муфассал »