Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАЗ

xaz

ХАЗ (Рutorius), ҷонвари ширхӯри даррандаест, аз оилаи савсорҳо (Мustelidae). Мӯинаи қиматбаҳо дорад. Дарозии баданаш 38—51 см, думаш 11—19 см, вазнаш 0,7—4,4 кг. Дар СССР 2 намуди Xаз ҷангалӣ — Мustella рutorius ва дашти М. еversmani зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон хази даштӣ қад-қади соҳили дарёи Сир маскун аст. Тахтапушт, сар, қисми …

Муфассал »

ХАДАНГ

hadang

ХАДАНГ, 1) якчанд навъ тӯси худруйро гуянд, ки дар қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисору Дарвоз меруяд; 2) чуби сахтест, ки аз он найза, тир ва зини асп созанд. Чунон ки Фирдавсӣ гуфтааст: Ба банди камарбандаш овард чанг, Ҷудо кардаш аз пушти зини хаданг.

Муфассал »

ХАВОЗА

angur

ХАВОЗА, 1) воиш, возиҷ, толор, харак, як навъ чӯбҳои бар сутунҳо гузоштаро гӯянд, ки ба болои онҳо занг, дастак ва навдаҳои токро бардоранд. Xавоза якчанд вавъ (толор, воиш, чайлов ва ғайра) мешавад. Воиш аз чӯбҳон ба бояои сутунҳои баланд (2у5—5 м) гузошташуда иборат буда, онро бештар барои бардоштани токи ҳавлӣ …

Муфассал »

ХАББОЗИИ НИШОПУРӢ

ХАББОЗИИ НИШОПУРӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 953), шоири форс-тоҷик. Аз ҳамасрони Рудакӣ. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ оид ба Xаббозии Нишопурӣ ишораҳои мухтасаре ба назар мерасанд. Ба қавли Авфӣ Xаббозии Нишопурӣ шоири фозилу ҳунарманд буда, шеърро ниҳоят равону содда месурудааст. Аз «Хаббозӣ» тахаллус карданаш бармеояд, ки бо касби хаббозӣ — …

Муфассал »

Шаҳри ХАБАРОВСК

xabarovsk

ХАБАРОВСК (то 1893 Xабаровка), шаҳр (аз 1880), маркази кишвар Хабаровски РСФСР, бандар дар дарёи Амур, стансияи роҳи оҳан. аэропорт дорад. Аҳолиаш 568 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (заводҳои «Энергомаш», «Далдизел», дастгоҳсозӣ ва ғайра), чӯбгарӣ, коркарди нефт, саноати сабук. 8 мактаби олӣ, 3 театр ва 2 музей дорад. Xабаровск …

Муфассал »