Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Навоӣ Низомуддин Алишер

2

Низомуддин Алишер (9. 2. 1441, Ҳирот — 3. 1. 1501, ҳамон ҷо), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ. Падари Н. Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буд. Ӯ чун ҳаводори шеъру шоирӣ дар хонааш бо адибони давр сӯҳбатҳо меорост. Навоӣ аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавку …

Муфассал »

Навоварӣ

2

Навоварӣ зоҳиршавии навигарӣ дар фаъолияти одамон, ифодаи  қобилияти эҷодии инсон дар меҳнат. Сотсиализм барои бемалол зодир намудани истеъдод ва қобилияти эҷодии одамон имконият фароҳам меоварад. На барои истисморгарон, балки барои худашон, барои ҷамъияти худ кор карданашонро фаҳмидани меҳнаткашон,— гуфта мешавад дар Программаи КПСС,— шавқу завқи меҳнатӣ, навоварӣ, ташаббуси эҷодӣ, мусобиқаи …

Муфассал »

Навободи поён ноҳияи Фархор

2

Деҳаест дар Совети қишлоқи Деҳқонариқи райони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «40-солагии Ок­тябр». Аз Навободи Поён то маркази Совети қишлоқ- 12 км, то район 16 км; роҳаш асфалт­пӯш. Аҳолиаш 850 нафар (1982), тоҷи­кон. Деҳа мактаби 8-сола, 2 китоб- хона пункта тиббӣ ва магазин до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию кирмакдорӣ. …

Муфассал »

Навободи поён ноҳияи Ленин

2

Деҳаест дар Совети қишлоқ «40-солагии РСС Тоҷикистон»-и pайони Ленин. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Навободи  Поён то маркази Совети қишлоқ 4 км, то район 20 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳо­лиаш 70 нафар (1982), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа, мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоқагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ меша­ванд.

Муфассал »

Навободи калон

2

Деҳаест дар Совети қишлоқ Муҷихарфи pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон. Территорияи совхоззи «Чорсада». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ- 1 км, то район 24 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳо­лиаш 360 нафар (1982), тоҷикон. Де­ҳа мактаби миёна дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ— чорводорӣ ва тамокукорӣ. Сокинони деҳа аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.

Муфассал »