Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нақшагирии аэрогеофизикӣ

0

Нақшагирии аэрогеофизикӣ аз ҳаво ба қайд гирифтани баъзе хосиятҳои физикии объектҳо, аз ҷумла гамма-шуоафканӣ, инчунин як қатор параметрҳои майдонҳои магнитӣ, гравитасионӣ, электрӣ ва сейсмикии Заминро гӯянд.

Муфассал »

Нақша

0

Нақша (ар.  муаннаси нақш), тасвири аз рӯи қоидаҳои махсус кашидашудаест, ки андозаҳои ҳақиқӣ ва вазъияти нисбии унсурҳои предметро инъикос менамояд (нигаред Геометрияи тасвирӣ). Барои сохтани Нақши предметҳо нуқтаю хатҳо ва баъзе аломатҳои шартию рақамҳоро истифода мебаранд. Бо ёрии Нақш фикри дигаронро дуруст фаҳмидан ва фикри худро саҳеҳ баён кардан мумкин …

Муфассал »

Нақш

0

Нақш, лаъле, лалола, суруди тӯи арӯсӣ, ки аз тарафи сарнақшхон ва гуруҳи мардон иҷро мешавад. Дар вилояти Ленинобод Нақше сароида мешавад, ки асосан аз 3 қисми мухталифи пайдарҳам иборат аст (нақши калон, нақши миёна, нақши хурд). Нақшро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ месароянд. Дар Исфара Нақшҳо то ҳамин наздикӣ ҳангоми …

Муфассал »

Нақш

0

Нақш (ар. — ҳаккокӣ; асар, из, пай; тасвир), дар санъати тасвирӣ бо усули муайян такроран сабт кардани порчаҳои геометрӣ, наботот ва ғайра. Фарқи Нақш аз тасвир ин аст, ки дар он асосан унсурҳои схематикӣ истифода мешаванд. Бинобар ин Нақш танҳо хоси ҳунари наққошист (нигаред. Наққошӣ). Нақш аз қадимулайём дар байни …

Муфассал »

Нақра

1

Нақра (ар. — зарб, задан), яке аз усулҳои зарби мусиқӣ. Ченаки зарбии (вазни) Нақра дар рисолаҳои мусиқии гузашта бо ҳарфдои арабии  (т) ва (н)  ифода мешуд. Аз пайвастани ҳиҷоҳои дарозу кутоҳ Нақраҳои муайян ба вуҷуд меоянд. Масалан, танан (аз як ҳиҷои кӯтоҳи та ва як ҳиҷои дарози нан), та ванан …

Муфассал »