Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нектон

1

Нектон (аз юн. nektos — шиновар), маҷмӯи ҳайвонҳое, ки дар об зиндагӣ карда, хуб шино мекунанд. Ба Нектон моҳӣ, калмарҳо, белпойҳо, морҳои обӣ; сангпушт, пингвин ва ғайра мансубанд. Узвҳои ҳаракати онҳо нағз инкишоф ёфтааст.

Муфассал »

Нектар

1

Нектар (юн. nektar), 1) дар асотири Юнони Қадим шарбате будааст ба мисоли нӯшдору, ки фақат худоён менӯшидаанд; 2) моей ширини шаҳддон. Ниг. низ Гулшаҳд.

Муфассал »

Некроз

1

Некроз (юн. nekrosis — карахтшавӣ, беҳисшавӣ аз nekros — мурда), карахтшавии (мурдани) ҳуҷайра, бофта ё узвҳои алоҳидаи орга­низми зинда. Вобаста ба сабабҳои пайдоишаш Некроз ҷароҳатӣ (сармо за­дан, сӯхтан), нейротрофӣ (ҳангоми беморим асаб, сирингомнелия — бемории музмини авҷгирандаи систе­маи асаб), ишемӣ (инфаркт, гангре­на), заҳрӣ (сифилис ва сил) ва аллергӣ (ҳангоми бемориҳои …

Муфассал »

Некробиоз

1

Некробиоз (аз юн. nekros — мурда ва biosia — ҳаёт, тарзи ҳаёт), тағйироте, ки дар ҳуҷайра пеш аз Нобудшавии он рӯй медиҳад. Некробиоз ба вайроншавии мубодилаи моддаҳо во-баста аст. Аломатҳои хоси Некробиоз тағйирёбии ядрои ҳуҷайра (бурмашавӣ, ба қисмҳо ҷудошавӣ ва ҳалшавии ядрои ҳуҷайра), вайроншавии ғализии протоплазма ва ғайра мебошанд.

Муфассал »

Некробактериоз

1

Некробактериоз, некроба­циллёз, касалии сироятии ҳайвонот. Дар шакли некрози бофтахои гуногун зохир мегардад. Ангезандаи Некробактериоз (Dact. necrophorum)-ро аввалин бор соли 1881 Р. Кох муайял намудааст. Ба Некробактериоз ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва акса- ри ҳайвоноти ваҳшӣ, баъзан одам ва паррандаҳо низ сироят меёбанд. Манбаи сироят ҳайвоноти касал ме­бошад. Микроб ба организм ба …

Муфассал »