Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Обнорский Сергей Петрович

0

Обнорский Сергей Петрович (26. 6. 1888, Петербург— 13, 11. 1962, Мо­сква), забоншиноси советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Университети Петербургро тамом кардааст (1910). Профессор университетҳои Перм (1916—1922) ва Ле­нинград (аз соли 1922). Обнорский ба тадқиқи масъалаҳои морфология ва фонетикаи таърихии забони русӣ, маданияти нутқ ва лексикография машғул буд. Назарияи тозаи …

Муфассал »

Шаҳри Обнинск

0

Обнинск, шаҳрест дар вилояти Калугаи РСФСР, дар соҳили дарёи Прот- ва (шохоби Ока). Стансияи роҳи оҳан дар хатти Москва — Брянск, 106 километр ҷануби ғарбтар аз Москва. Аҳолиаш 72 ҳазор нафар (1978). Дар Обнинск аввалин дар ҷаҳон стансияи электрии атомӣ сохта шу­дааст (1954). Маркази муҳими илмӣ. Институтҳои тадқиқоти илмии радиоло­гияи …

Муфассал »

Обмӯрӣ

0

Обмӯрӣ ҷӯяк, нова, қубури махсусест, ки барои аз таги девор, бино, иншоот гузаронидан, инчунин бо мақсади аз ҳавлӣ, хона ва ғайра берун кардани об месозанд. Одатан, ба таг ва тарафҳои Обмӯрӣ санг/хишти пухта чида болояшро бо санг, хишт ва ғайра мепӯшанд. Ҳоло асосан аз ғӯлбаҳои филизӣ, асбестӣ ва баъзан чӯби­ну …

Муфассал »

Обмонӣ

0

Обмонӣ, обдорӣ, обёрӣ, обдиҳии заминҳои кишт, чарогоҳ ва ғайра. Усулҳои Обмонӣ (вобаста ба тақсими об дар замин ва онро аз худ кардани хок) ҷӯякӣ (обро ба ҷӯякқо cap медиҳанд), палакӣ (оби ба палҳои дароз сардодашуда баробар паҳн ме­шавад) ва обкӯлкунӣ мешавад. Обмонии ҷӯякиро ҳангоми кишти пахта, лаблабуи қанд, ҷуворимакка, сабзавот …

Муфассал »

Обмонии пеш аз кишт

0

Обмонии пеш аз кишт, обмо­нии киштзор пеш аз кишт барои нам кардани сатҳи болоии хок, бо мақсади пурра сабзонидани тухмӣ ва инкишофи хуби растанӣ дар давраи якуми нашв. Нигаред низ Обмонӣ.

Муфассал »