Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Орҷоникидзеобод

orjonikidzeobod

Орҷоникидзеобод, райони маъмурии тобеи республикавӣ дар Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон. 17 сентябр 1927 ташкил ёфтааст; то 3 апрели 1936 онро Янгибозор меномиданд. Бо районҳои Ленин, Айнӣ, Ғарм, Комсомолобод, Файзобод, Дан­ғара, Ёвон ҳамсарҳад аст. Масоҳат 3,99 ҳазор километр2. Аҳолиаш 116,3 ҳазор нафар (1982), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо ва намояндагони …

Муфассал »

Деҳаи Орҷоникидзе

Орҷоникидзе

Орҷоникидзе, деҳаест дар Совети қишлоқи Заргари pайони Коммунистӣ, вилояти Қӯргонтенпа. Территорияи колхози ба номи М. Горкий. Аз Орҷоникидзе то маркази Совети қишлоқи 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 835 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва лимупарварӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи Орҷоникидзе

Орҷоникидзе

Орҷоникидзе, деҳаест дар Совети қишлоқи Калинини райони Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи М. Гор­кий. Аз Орҷоникидзе то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 15 километр; роҳ кисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1315 нафар (1981), то­ҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, мага­зин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтаю …

Муфассал »

Қуллаи Орҷоникидзе

Орҷоникидзе

Орҷоникидзе, қулла дар Помир, дар шохаи ҷануби шарқии қаторкӯҳи Академияи Фанҳо. 8 километр шарқтар аз қуллаи Коммунизм воқеъ аст. Баландиаш 6346 метр (аз рӯи маълумотҳои дигар 6280 метр). Нишебиҳояш бо пиряху барфҳои бисёрсола пӯшида шудаанд. Ба шарафи Г. К. Орҷоникидзе номидаанд. Қулларо бори аввал 28 августи 1937 иштирокчиёни экспедитсияи Помир …

Муфассал »

Шаҳри Владикавказ

Владикавказ

Шаҳри Владикавказ ин пойтахти Республикаи Осетия Шимолӣ мебошад ва онро пештар (то 1931 — Вла­дикавказ, аз 1944 то 1954— Дзауҷикау ва 1955-1990 Орҷоникидзе) меномиданд. Масоҳати шаҳр 291 км² мебошад.  Дар соҳили дарёи Терек воқеъ аст. Аҳолиаш 1 миллиону 80 ҳазор нафар дар 2017 сол дошт. Владикавказ калонтарин маркази саноат ва маданияти республика мебошад. Соҳаҳои муҳими саноатӣ …

Муфассал »