Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОРОНКӮЛ

boronkul

БОРОНКӮЛ, деҳа дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ. Аз деҳа то маркази ноҳия 45 километр; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 629 нафар (2012). Боронкӯл мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дорад. Соҳаҳои асосии хочагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо лалмӣ.

Муфассал »

БОРОН

boron

БОРОН, бориши атмосферие, ки аз абрҳо ба намуди қатраҳои моеъи кутрашон аз 0,5 то 6-7 мм меафтанд. Қатраҳои қутрашон зиёда аз 6-7 мм ҳангоми ба Замин афтидан ба қатраҳои хурд тақсим мешаванд. Қатраҳои ҷудогонаи Борон дар сатҳи моеъ халқаҳоро ба вуҷуд оварда, дар сатҳи ҷисмҳои хушк пайи тар мемонанд. Шиддати …

Муфассал »

БОРОДУЛИН Ригор Иванович

ryhor_baradulin

БОРОДУЛИН Ригор Иванович (таваллуд 24.2.1935, деҳаи Вересовкаи ноҳияи Ушачи вилояти Витебски Белоруссия), шоир ва тарчумони белорус. Нависандаи халқии Бе­лорус (1992). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Белоруссия дар муассисаҳои нашаротии «Белорус» ва «Мастаская литература» («Адабиёти бадеӣ»), г. «Советская Белоруссия» («Белоруссияи Советӣ»), маҷалаҳои «Бярозка» («Тӯс»), «Полимя» («Шуъла») кор кардааст. Узви ИН Белоруссия, узви …

Муфассал »

БОРОДИН Сергей Петрович

borodin-sergey

БОРОДИН Сергей Петрович (25.9.1902, Маскав – 22.6.1974, Тошканд), нависандаи рус. Хатмкардаи Институти олии адабию бадеии ба номи В. Я. Брюсов (1926). Дар экспедитсияҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (этнографӣ) ширкат доштааст (1923 – Бухоро, 1925-26 – Самар­қанд). Дар Шарқи Дур (1928), Қазоқистон (1929), Тоҷикис­тон (1931), Арманистон (1933) зиндагӣ карда, барои эҷоди асарҳо …

Муфассал »

БОРОВИНКАИ ТОШКАНДӢ

borovinka

БОРОВИНКАИ ТОШКАНДӢ, навъе аз себҳои пешпазак. Ходимони Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва шаробкашии ба номи Р. Р. Шредер (шаҳри Самарқанд) рӯёндаанд. Дарахташ сершоху барг; то 7 м кад мекашад. Вобаста ба шароити иқлим аввали апрел гул карда, охири июл мевааш мепазад. Мевааш калон (вазнаш 140- 200 г), гирда ё …

Муфассал »