Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОШПАЛАВ

МОШПАЛАВ, як навъи палав, таоми хушхури қадимӣ. Онро асосан Мошини хандақкан, ки ба трактори тасмачарх васл шудааст. Расми 1. Станция и насосии оташнишон ПНС-110 (СССР). аз биринҷ, мош, гӯшт, равған, сабзӣ ва пиёз мепазанд. Тарзи тайёр кардани Мошпалав мисли палав буда, аммо фарқ дар ин аст, ки аз меъёри равғани …

Муфассал »

МОШОБА

moshoba

МОШОБА, як навъи таоми равон (косагӣ). Дар дег пиёздоғ карда, мошро дар об мепазанд. Баъд мувофиқи табъ сабзӣ, шалғам, каду меандозанд. Дар баъзе ноҳияҳо туппаи (угрои) майда буридашуда низ ҳамроҳ мекунанд, ки моштуппа ном дорад. Мошобаро бо гӯшт, ғелак. умоч (хамири реза-реза) низ мепазанд. М. Комилҷонов.

Муфассал »

МОШИНҲОИ ҲАРФЧИН

moshini-hurufchini

МОШИНҲОИ ҲАРФЧИН дар полиграфия, мошинҳоеанд, ки барои чопи матнҳо қолабҳои чопӣ тайёр мекунанд. Истифодаи Мошинҳои ҳарфчин охири асри 19 баробари буньёди линотип ва монотип вусъат ёфт. Аз рӯи принципи тайёр кардани қолабҳои чопӣ (тасвири матн) Мошинҳои ҳарфчинӣ се навъ: металлӣ (тасвири матнро ба намуди аломатҳои ҷудогона ё сатрҳои рехтаи рельефа …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ҲАМЛУ НАҚЛ

МОШИНҲОИ ҲАМЛУ НАҚЛ, мошину механизмҳоеанд барои ба масофаҳои наздик кашондани бору одамон. Мошинҳои ҳамлу нақл вобаста ба таъинот ба мошину механизмҳои борбардор, мошинҳои нақлиёт, мошинҳои нақлиёти овезон, мошинҳои нақлиёти рӯизаминӣ ва мошинҳои ҳамл ҷудо мешаванд. Мошинҳои ҳамлу нақлии даври (циклӣ) амалкунанда ва бефосила мавҷуданд. Ба Мошинҳои ҳамлу нақлии даври кранӣ …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ХАНДАҚКАН

МОШИНҲОИ ХАНДАҚКАН, мошинҳоеанд барои кофтани хандақҳои газопровод, водопровод ва ғ. Узви кории Мошинҳои хандақкан сипарӣ (рамаи) баранда бо кафлесҳо мебошад, ки ба трактори сустгард васл мешавад. Мавриди кандани хандақи бараш 900 мм ва умқаш то 1100 мм, ҳосилнокии кори Мошинҳои хандақкан 45 м/с аст.

Муфассал »