Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАҶРӮҲ

nophoto

МАҶРӮҲ Сайидшамсуддин ибни Сайидҳазратшоҳ (таваллуд 1904, деҳаи Шин Кураки вилояти Кунар), шоир ва адабиётшиноси афғон. Асосан ба забони пушту асар менависад, Аксари ашъораш дар рӯзномаҳои вилоятию марказии Афғонистон чоп шудаанд. Ашъораш мазмуни ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва маорифпарварӣ дорад. Баргузидаи ашъораш дар маҷм. «Ашъорн мунтахаб» (1957) гирдоварӣ шудаанд. Роҷеъ ба адабиёти Афғонистон …

Муфассал »

МАҶРО

МАҶРО, рӯдхона, ҷараёнгоҳ, ҷои чуқуртарини водӣ, ки аз он дарьё мунтазам ҷорист Барӣ Маҷрои дарьёҳои калон ва даҳҳо ва садҳо метр то ба якчанд  километр мерасад (мас., Маҷрои поёноби дарёҳои Обь, Лена, Амазонка.); дар баробари аз саргаҳ ба сӯи резишгоҳ, торафт вусъат ёфтани дарё бари Маҷро, бат ба чуқуриаш камтар …

Муфассал »

«МАҶОЛИС-УН-НАФОИС»

«МАҶОЛИС-УН-НАФОИС» тазкира, таълифи Алишери Навоӣ. Соли 1491 (варианти дуюми мукаммалаш с. 1498) навишта шудааст. «Маҷолис-ун-нафоис» аввалин тазкираи ӯзбекист, иборат аз 8 маҷлис (боб). Шарҳи ҳол ва намунаи осори 459 нафар шоирон, олимон, мусиқидонон, хаттотон, ҳомиёни илму адабиёти Мовароуннаҳру Хуросон ва кишварҳои ҳамсояро дар бар мегирад. Шарҳи ҳоли шоирону насрнависон дар …

Муфассал »

МАҶОЗ

МАҶОЗ (ар. — акси ҳакиқат, ғайри ҳақиқат), дар асари бадеӣ ғайри маънои аслӣ истифода шудани калимаву ибораҳо. Дар байни маънои нав (маҷозӣ) ва маънои ас­лӣ аз ягон ҷиҳат шабоҳате мавҷуд аст, вале дар маънии маҷозӣ ҳусни ибораву калима бештар ва таъсираш пурзӯртар мегардад. Маҷоз барои мухтасар, вале образнок ва ҷозибаноктар …

Муфассал »

МАҶОЗ

nophoto

МАҶОЗ Асрорулхақ (1913, Радавлӣ, шт. ҳозираи Уттар Прадеш — 1955, Лакҳнав), шоири ҳинду. Ба урдуӣ менавишт. Маҷоз шоири равияи романтизми революционист. Дар шеърҳои ӯ бедории халқ ва инкишофи муборизаи миллии озодихоҳӣ акс ёфтааст. Ба Маҷоз шеърҳои лирикии маҳрамона ва достонҳои дорои оҳанги баланди гражданӣ мансубанд. Шеърҳои дар шакли қолибҳои нав …

Муфассал »