Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Асари «Абдуллоҳнома»

asari-abdullohnoma

«Абдуллоҳнома» асари таъ­рихӣ. Бо номҳои «Шарафномаи шоҳӣ», «Зафарнома» низ машҳур буда, таълифи Ҳофизи Таниш аст. Воқеаҳои давраи Абдуллоҳхони II (1534 – 1598)- ро дар бар мегирад, ки бо супориши махсуси худи ӯ таълиф ёфтааст. Ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Ки­тоб бояд аз муқаддима, ду мақола – фасл ва хотима иборат …

Муфассал »

Абдуллоҳи Шерозӣ

Абдуллоҳи Шерозӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва хаттоти эронӣ (асри 16). Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдуллоҳи Шерозӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Дар китобхонаи султон Абулфатҳи Иброҳим ибни Бағром (ҳукмрониаш 1556-1577) ба ҳайси хаттот хидмат мекардааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ муддати кӯтоҳе дар Машҳад сукунат доштааст. Бино …

Муфассал »

Абдуллоҳи Шаҳобӣ

Абдуллоҳи Шаҳобӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти форс-тоҷик (асри 16). Дар Казвин умр ба сар бурдааст. Дар айёми ҷавонӣ ба омӯзиши хаттотӣ ва анвои хат пардохта, ин пешаро ба хубӣ аз худ намудааст. Бино ба маълумоти тазкираи «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ Абдуллоҳи Шаҳобӣ қобилият ва истеъдоди баланди хат­тотӣ дошта, …

Муфассал »

Абдуллоҳи Шабистарӣ

Абдуллоҳи Шабистарӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Аз авлоди Маҳмуди Шабистарӣ. Дар Самар­қанд, Ҳирот ва Осиёи Хурд зиндагиву таҳсил ва эҷод кардааст. Дар илмҳои таърих, ирфон, хусусан риёзиёт яке аз зубдаҳои даврон эътироф гардидааст. Соли 1520 аз Самарқанд ба Осиёи Хурд сафар карда, ба хидмати дарбори …

Муфассал »

Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ

Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ (соли таваллуд ва вафоти номаълум), хаттоти то­ҷик (нимаи аввали асри 19). Аз доираи ада­бии Истаравшан. Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ дар навиштани навъҳои хати настаълики чалй, хафй ва шикаста мумтоз буд. Соли 1814 «Насабиома»-и Амир Хайдар ва 1837 «Тазкират-ул-авлиё»-и Фа- ридуддини Атторро (дар Ӯротеппа) бо хати настаълиқи зебо китобат намуд. Китоб …

Муфассал »