Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РӮЗБЕҲ ХУСРАВ

РӮЗБЕҲ ХУСРАВ (15. 4. 1915, Малайир—11. 5. 1958, Теҳрон), ходими намоёни ҳаракати револютсионии Эрон. Аз оилаи офитсер. Баъди хатми мактаби миёна ба факултети техникии Университети Теҳрон (ихтисоси математика) дохил шуд, вале аз сабаби вазнинии вазъияти моддии оилавӣ таҳсилро қатъ намуд. Рӯзбеҳ Xусрав баъдтар факултети артиллерии Мактаби олии артиллеристиро хатм на-муд. …

Муфассал »

РӮДАНАФАСКАШҲО

rudanafaskashho

РӮДАНАФАСКАШҲО (Enteropneusta), як синфи ҳайвонҳои баҳриро гӯянд, ки ба типи нимхордадорҳо мансубанд. Дарозиашон аз якчанд см то 1 м; танашон кирмшакл буда, аз 3 қисм иборат аст; хартумча, гардан ва тапа. Дар буни хартум-ча аз поён ковокии даҳон ҷойгир шудааст. Дар девораҳои паҳлӯи сурхрӯда ду қатор рогҳои галсама мавҷуд аст. …

Муфассал »

Деҳаи РӮДАКӢ

РӮДАКӢ, деҳаест дар Совети қишлоқи Панҷи pайони Қумсангир, вилояти Қӯрғонтоппа. Территорияи колхози ба номи В. И. Ленин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1940 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби 8-сола, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, магазин, чойхона ва парки тракторҳо дорад. …

Муфассал »

Деҳаи РӮДАКӢ

РӮДАКӢ, деҳаест дар Совети қишлоқи Куйбишеви pайони Коммунисти, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхоз-техикуми ба номи В. В. Куйбишев. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 7 км, то район 13 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 385 нафар (1981), асосан тоҷикон. Соҳаҳои хоҷагӣ пахтакорию чорводорист. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи РӮДАКӢ

РӮДАКӢ, деҳа, маркази Совети қишлоқи Ситораи Сурхи pайони Ёвон, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхози «Ëвон-4». Аз Рӯдакӣ то маркази район 24 км. Аҳолиаш 750 нафар (1981), асосаи тоҷикон. Рӯдакӣ мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, боғчаи бачагон, шӯъбаи алоқа, 3 магазин, ошхона ва нуқтаҳои хизмати маишӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — …

Муфассал »