Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

АБУЛҲАСАНИ ХАМАДОНӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ХАМАДОНӢ Му­ҳаммад ибни Абдумалик ибни Иброҳим (1070 – 1127), таърихшинос, ҷуғрофидони форс-тоҷик. Аҷдодаш аз Хуросон. Як муддат дар Бағдод таърихнависи дарбори Салчуқиёни Ироқ – Султон Муғисуддин Маҳмуди Сонӣ (1118—31) буд. Асари машҳуртаринаш «Такмилаи Таърихи Табарӣ» буда. замимаест ба «Таърихи Табарӣ». Дар китоби худ ба ғайр аз шарҳи географӣ ва …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ХАРАҚОНӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ХАРАҚОНӢ Шайх Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Хараконӣ (соли таваллуд  номаълум – вафот 1034), ориф, шайхи мутасаввиф ва шоири форс-тоҷик. Пас аз таҳсили улуми мутадовила ва расидан ба иршод ба умури тасаввуф машғул шудааст. Бо касби деҳқонӣ рӯз мегузаронд. Дар замони зиндгиаш дар байнн хосу ом шӯҳратёр гардида буд. Мувофиқи …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ СИМҶУРӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ СИМҶУРӢ Му­ҳаммад ибни Иброҳим ибни Абиум- рон (соли таваллуд  номаълум – вафот 989, Ни­шопур), сипаҳсолори Хуросон дар ахди Сомониён. Абулҳасани Симҷурӣ маҷмӯаи наздик ба сӣ сол дар мақоми сипаҳсолории ҳукумати Хуросон буд. То замони интихоби ӯ ба вазифаи шаҳнагии Нишо­пур (954) дар девони Бухоро фаъолият дошт. Пас аз қатли …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ПУШАНГӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ПУШАНГӢ Алӣ ибни Аҳмад ибни Саҳл (сол ва ҷои таваллуд  номаълум – 959, Нишопур), ориф ва зоҳиди Хуросон. Аз аҳли Пушангӣ Ҳирот буд. Зодгоҳи худро дар овони ҷавонӣ тарк карда дар Нишо­пур иқомат ихтиёр намуд. Ҳангоми дар Ҳирот буданаш аз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Абдурраҳмону Ҳасан Идриси Ансорӣ ва дар …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ОМИРӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ОМИРӢ Муҳам­мад ибни Абизари Нишопурӣ (Ни­шопур, 913 – 992, ҳамон ҷо), файласуф, мантиқшинос ва мутасаввифи Хуросонӣ. Дар зодгоҳаш ба таҳсили улуми динӣ пардохта, баъдҳо ба Балх сафар кард ва назди донишманд Абуязиди Балхӣ ба омӯзиши фалсафа пардохт. Баъди марги устодаш ба Бухоро ва аз он ҷо ба Чоч омад …

Муфассал »