Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТРАТОСТАТ

stratostat

СТРАТОСТАТ, аэростатеро гӯянд, ки озод парида ба стратосфера, яъне ба баландии зиёда аз 11000 м мебарояд. Агар Стратостат одам дошта бошад, ҳуҷрааш ҳавоногузар сохта шуда, барои таъмини ҳаёт бо асбобу афзори лозима ҷиҳозонида мешавад. Кураи пури Стратостат вобаста ба баландии парвоз ва вазни бораш аз 14000 то 105000 м3 ҳаҷм …

Муфассал »

СТРАТИФИКАСИЯИ ТУХМӢ

tuxmi

СТРАТИФИКАСИЯИ ТУХМӢ, як услуби пеш аз кишт тайёр кардани тухмӣ барои тезонидани сабзиши онҳост. Асосан тухмиҳои дерсабзи дарахтон (мевагӣ, бешаги, зинатӣ) ва баъзе растаниҳои доруиро стратификасия мекунанд. Тухмиро дар субстрати нам (рег, аррамайда, торфмайда, ушна) гузошта, баъд дар ҳарорати паст (4—б°С) ва дар ҷои ҳаворас нигоҳ медоранд. Барои 1 ҳисса …

Муфассал »

СТРАТОПАУЗА

atmosfera

СТРАТОПАУЗА, як қабати атмосфераро гӯянд, ки дар байни стратосфера ва мезосфера (дар баландии 50—55 км) воқеъ аст.

Муфассал »

СТРАТИГРАФИЯ

stratigrafy

СТРАТИГРАФИЯ (аз лотинӣ stratum қабат ва …графия), як фасли геолологияи таърихист, ки пайдарҳамии пайдоиши ҷинсҳои куҳӣ ва аввалии робитаҳои мутақобилаи фазоии онҳоро меомӯзад. Барои муқаррар намудани синни таҳнишастҳои омӯхташуда таркиби боқимондаҳои организмҳо, ки аз табақаҳои таҳшинӣ ёфт шуда, аз инкишофи нотакрори олами органикии замин дарак медиҳанд, аҳамияти калон доранд. Аз …

Муфассал »

СТРАТИФИКАСИЯИ ИҶТИМОӢ

stratifikaciai-ijtimoi

СТРАТИФИКАСИЯИ ИҶТИМОӢ, мафҳуми сосиологияи буржуазист, ки бунёни ҷамъият ва табақаҳои ҷудогонаи он, системаи аломатҳои ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иҷтимоиро ифода мекунад. Консепсияҳои буржуазии Стратификасияи иҷтимоӣ дар асоси дараҷаи маълумот, шароити маишат, машғулият, даромад, психология ва дин барин аломатҳо ҷамъиятро ба синфҳои «олӣ», «миёна», «паст» ва стратҳо (аз 2 то 6) …

Муфассал »