Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХРОМОСОМАҲО

xromasoma

ХРОМОСОМАҲО (аз хромо… ва юн. soma — ҷинс, тан) ,—органоидҳои ядрои ҳуҷайраро гўянд, ки хосиятҳои ирсии ҳуҷайра ва органнзмҳоро муайян мекунад. Дар ҳуҷайраҳои танаи аксар набототу ҳайвонот ҳар як хромосома ҷуфт буда, якеаш аз падар ва диг. аз модар (ҳангоми бордоршавӣ) гирифта шудааст. Xромосомаҳо зоҳиран дар давраҳои гуногуни цикли ҳуҷайравӣ …

Муфассал »

ХРОМОПЛАСТҲО

chromoplastho

ХРОМОПЛАСТҲО (аз хромо… ва юн. plastos — сохташуда, шакл гирифта), органеллаҳои рангини дохилиҳуҷайравии набототро гўянд. Xромопластҳо одатан аз пластидҳои сабз дар натиҷаи вайрон шудани пигментҳои сабз ҳосил мешаванд. Баъзан Xромопластҳо аз пластидҳои беранг — лейкопластҳо (мас., дар сабзӣ) низ пайдо мешаванд.

Муфассал »

ХРОМОДИНАМДКАИ КВАНТӢ

xromodinamikai-kvanti

ХРОМОДИНАМДКАИ КВАНТӢ, як соҳаи физикаро гўянд, ки сохти адронҳову ҳодисаҳои адронӣ ва таъсири мутақобили кваркҳову глюонҳоро меомўзад; назарияи таъсири мутақобили зур буда, дар қиёси электродинамикаи квантӣ бунёд шудааст. С. Қодирӣ.

Муфассал »

ХРОМОВ Альберт Леонидович

ХРОМОВ Альберт Леонидович (тав. 28. 8. 1930, Новгород), эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1970), проф. (1971). Аз оилаи хизматчӣ. Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1954). Ходими хурд ва ходими калони илмии Иниститути забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон (1954-64), мудири кафедраи забонҳои хориҷии УДТ (1964—68), ходими калони илмии кафедраи забони …

Муфассал »

ХРОМО…

ХРОМО… (аз юн. chroma — ранг), қисми калимаҳои мураккабест, ки ба ранг (мас., хромоскоп) ё хром мансуб буданро ифода менамояд (мас., хромометрия).

Муфассал »